Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Афзоиши саркашиҳо аз андоз дар Тоҷикистон

26 феврал 2013, 11:23

Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар моҳи аввали татбиқи Кодекси нави андоз дар кишвар ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз андоз афзоиш ёфтаанд.

Тавре аз Агентии омори Тоҷикистон дар такя ба мақомоти қудратӣ хабар доданд, дар моҳи аввали соли равон ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз андоз нисбат ба моҳи январи соли гузашта 33 дарсад бештар шудаанд.

Ин омор дар ҳолест, ки сар аз 1 –уми январи соли равон дар кишвар Кодекси нави андоз рӯи кор омад ва тибқи мақсадҳои гузоштаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин ҳуҷҷат бояд ба андозсупорандагон сабукӣ меовард. Интизор мерафт, ки бо ироаи сабукиҳо андозсупорандагон дигар барои пинҳон кардани даромад ҳавасманд нахоҳанд буд ва аз фаъолияти пинҳонӣ даст кашида, барои зиёд намудани воридоти будҷа саҳми бештар мегузоранд.

Аммо соҳибкорони тоҷик мегӯянд, бархилофи мақсадҳои гузоштаи раисиҷумҷур, Кодекси нав бори андозро барои соҳибкорон гаронтар карда, онҳоро барои гурез аз андоз ё муфлисшавӣ водор мекунад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон тоҷирони бозори Сомон дар шимоли Тоҷикистон бо нишони эътироз аз андозҳои гарон даст ба коршиканӣ заданд. Соҳибони интернет-кафеҳои Душанбе низ аз якбора гарон шудани мизони андоз шикоят мекунанд. Баробари ин чанде пеш раҳбарони мактабҳои миёнаи хусусии Суғд бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба парлумон, вазорати маориф ва кумитаи андоз, тақозо карданд, ки андоз аз даромади онҳо поин бурда шавад, вагарна онҳо ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!