Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Тоҷикистон бурсияҳои таҳсил дар Мисрро рад кардаст

26 феврал 2013, 14:14

Вазорати маорифи Тоҷикистон ирсоли донишҷӯёнро ба донишгоҳҳои Миср қатъ кардааст.

Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 26 – уми феврал, зимни як нишаст дар мавзӯи “Таълими динӣ дар Тоҷикистон: Мушкилот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо” дар шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсири ҳаводиси Миср ба ҷавонони тоҷик, ирсоли донишҷӯёнро ба ин кишвар қатъ кардаанд. Ӯ изҳор дошт, ки имсол Миср барои таҳсили ҷавонони тоҷик 12 бурсия пешниҳод кард, вале Тоҷикистон онҳоро рад намуд. Ба гуфтаи Одинаев, ин ҳол то замони муътадил шудани вазъ дар Миср идома хоҳад кард.

Айни ҳол тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар Миср, зиёда аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки солҳои пеш равона шудаанд.

Дар Миср баъди сарнагун шудани Ҳусни Муборак ва сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ ихтилофҳои сиёсӣ хотима наёфта, айни ҳол ҳам гирдиҳамоӣ ва эътирозҳои нерӯҳои сиёсӣ идома доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!