Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Сониҳаи нақлиётӣ бойиси марги ду нафар гашт

4 июл 2011, 07:06

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.




Тавре Қудратулло Шоев, як масъули дафтари матбуотии БДА ба «Озодагон» хабар дод, дар ноҳияи Данғара    ронандаи автомашинаи «ТАЙОТА- КАРОЛЛА» Шамсиддин Ғафурови 46-сола аснои ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҷониби Данғара дар километи 42-юми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ОПЕЛ ВЕКТРА» таҳти идораи Абдуваҳҳоб Рустамов  бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи «Тайота» Сумайё Саидоваи 4- сола ва ронандаи «Опел»  пас аз интиқол ёфтанашон ба касалхона фавтидаанд. Ба иттилои манбаъ, тайи ду  рӯзи ахир дар саросари ҷумҳурӣ 8 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайвастааст, ки бар асари ин садамаҳо ду нафар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!