Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Талоши навбатии Душанбе барои ҳалли қазияи Амузанг

26 феврал 2013, 15:51

Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз роҳиоҳанчиёни кишварҳои пасошӯравӣ хостааст, барои барқарор кардани ҳаракати қатораҳо ба ҷануби Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Владимир Собкалов
, муовини аввали раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар ҷаласаи масъулини роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ, ки барои баррасии ҳамлу нақли бор дар солҳои 2013 – 2014 дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, масъалаи масдуд шудани ҳаракати қатораҳо дар самти Амузанг – Хатлонро ба миён гузошта, хостааст ба ин қазия расидагӣ кунанд. Ӯ роҳи оҳанчиёни пасошуравиро огоҳ кардааст, ки тайи 1,5 соли масдудияти ин роҳ ба ҷануби Тоҷикистон ягон қатора нарафтааст. Дар ҳоле, ки тибқи иттилои "Роҳи оҳани Тоҷикистон" қаблан теъдоди кормандони роҳҳои оҳани ҷануби кишвар бештар аз 1,5 ҳазорро нафарро ташкил медодааст.

Усмон Қаландаров, муовини дигари раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аввали соли равон изҳор дошт, ки "барои барқарор кардани ин қитъаи роҳи оҳан ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардем. Ягон кас дар ин масъала кӯмак накард. Ҳатто ҷониби Узбакистон дафъаҳои охир ба номаҳои мо посух намедиҳад”.

Қитъаи роҳи оҳани Амузанг - Хатлон, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои Тоҷикистон ҳисоб мешуд, моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд гуфт, ин қисмати роҳ гӯиё дар пайи як амали террористӣ ва тахриби як купрук масдуд гардидааст. Тоҷикистон мегӯяд омода аст, қисматҳои тахрибшударо аз ҳисоби худ барқарор намояд, аммо Узбакистон таклифҳои Душанберо оиди кӯмак барои барқарор намудани купрук беҷавоб гузоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!