Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 20 август 2017, 20:35

Барф кори фурудгоҳи Душанберо халалдор накардааст

27 феврал 2013, 08:45

Масъулини “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” мегӯянд, боришоти барф дар пойтахт ба кори фурудгоҳ халал ворид накардааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев
, сухангӯи фурудгоҳ, рӯзи 27 – уми феврал, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт, ки парвозу нишасти тайёраҳо дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ аз рӯи реҷа сурат мегирад: “Танҳо тайёраҳо бо маводи зидди яхбандӣ коркард мешаванд ва баъдан иҷозат медиҳем, ки парвзоз кунанд. Дигар фаъолияти фурудгоҳ аз рӯи ҷадвали пешбинишуда сурат мегирад”.

Тибқи иттилои сомонаи расмии фурудгоҳ, имрӯз парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Маскав, Сочи, Истанбул, Алмато, Бишкек, Екатеринбург, Дубай, Краснодар, Урумчӣ ва Хуҷанд дар назар буда, парвоз ба Хоруғ ба таъхир гузошта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!