Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:49

Ширкатҳои бузурги Олмон ба Тоҷикистон меоянд

27 феврал 2013, 09:20

GWE "German Water and Energy" ва «АНДРИТС ГИДРО», ки аз бузургтарин ширкатҳои бахши обу энержии Олмон ҳастанд, хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шудаанд.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Бернҳардт Райхелт, мудири ширкати GWE "German Water and Energy" (ҷузъи Гурӯҳи ширкатҳои Бауэр Групп АГ –и Олмон) дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Олмон, Имомудин Сатторов, энергетикаи аз нигоҳи экологӣ тозаро дар Тоҷикистон ояндадор хондааст. Райхелт гуфтааст, ширкаташ омода аст дар масоили сохтмони иншооти обӣ, таҳвили технологияҳои муосир ва хизматрасонӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар ҳамкориҳои судмандро бо Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

GWE "German Water and Energy"- гурӯҳи ширкатҳои байналмилалӣ аст, ки масоили муҳити зист, мушкилоти энергетикӣ, об ва ашёи хом аз авлавиятҳои кори он маҳсуб мешаванд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин Имомуддин Сатторов бо намояндаи кулли ширкати муштараки Олмону Австрия «АНДРИТС ГИДРО» («ANDRITZ HYDRO GmbH») ҷаноби Райнҳард Мюллер-Технау мулоқот карда, ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетикаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни ин дидор дар масоили сохтмон, тармим, таҷдид ва таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва инчунин ҷалби муштараки саромоягузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳавасмандии мутақобила зоҳир гардидааст.

«АНДРИТС ГИДРО» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад, Тибқи иттилои вазорати хориҷии Тоҷикистон, «АНДРИТС ГИДРО» ният дорад ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон фаъолона роҳандозӣ намояд. Ин ширкат масъалаи истифодаи обро ҳамчун манбаи энергияи тоза ва аз назари иқтисодӣ самаранок фаъолона пеш мебарад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!