Бахшҳо
27 фев 2013 10:57Тоҷикистон / Гузориш

"Қазияи "ИмрӯзNews" барои гапдаро кардани расонаҳост"

Масъулини Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми додгоҳро алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” ғайриқонунӣ хонда мақсади онро “гапдаро” кардани расонаҳо медонанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, рӯзи 25 - феврал даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро нисбати “ИмрӯзNews” қонеъ кард ва рӯзномаро дар паст задани шаъну шарафи Ҳукумов айбдор дониста, муваззаф намуд, ки ба Рустам Ҳукумов 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Норозигии Рустам Ҳукумов ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар рафти мурофиа ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъзе аз муқаррароти қонун сарфи назар шудааст: “Аввал ин ки даъвои Ҳукумов алайҳи “ИмрӯзNews” пушти дарҳои баста сурат гирифт, ки мухолифи қонунгузорӣ аст. Дар қонунгузории Тоҷикистон рушан сабт шудааст, ки пушти дарҳои баста, қазияҳое баррасӣ мешаванд, ки ба сири давлатӣ ё дифои ҳуқуқи ноболиғон марбутанд. Вале аз чӣ бошад, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дархост ё пешниҳоди ҷониби ҷавобгарро дар ин бора ба эътибор нагирифт. Ин ҷо масъала сари мустақил набудани судҳои мо ҳаст. Дигар он матлабе, ки боис ба ошуфтахотирии Рустам Ҳукумов гардидааст, “Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар” - и падарҳо шудаанд”, ҳамчун як нигориш ё шарҳи сиёсии вазъияти минтақа буда, дар он фактҳое истифода шудаанд, ки борҳо расонаӣ гардидаанд. Яъне дар нашрияҳои Русия аз қазияи судии Рустам Ҳукумов борҳо навишта буданд ва чунин тахминҳое, ки дар мақолаи “ИмрӯзNews” гуфта мешуд, қаблан дар нашрияҳои Русия ҳам ба табъ расида буд. Аз ин лиҳоз суд агар мехост, қазияро одилона баррасӣ кунад, бояд ин ҷиҳати масъаларо ҳам ба назар мегирифт.”

Қироншоҳ Шарифзода аз он низ изҳори таассуф кард, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қонунгузории Тоҷикистонро дар мавриди товони зарари маънавӣ ба эътибор нагирифтааст: “Дар қонунҳо гуфта шудааст, ки товони зарар бояд одилонаю боинсофона бошад. Аммо ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима бастани рӯзноманигор ё нашрияро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, аз ду ҷиҳат одилона ё мунсифона гуфта наметавонем. Якум ин ки фикр намекунам, ин мавод барои нашрияи “ИмрӯзNews” ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ фоида ё даромад оварда бошад. Ин ба ҳама маълум аст, ки дар шароити кунунӣ ягон нашрия дар Тоҷикистон аз як шумора ин қадар маблағ ба даст оварда наметавонад. Куҷо расад ба “ИмрӯзNews”, ки ҳанӯз як рӯзномаи навтаъсис асту ҳоло ба по рост нашудааст. Дуюм ин ки 50 ҳазор сомоние, ки суд ҳамчун ҷарима муқаррар кардааст, аз он ҷиҳат одилона нест, ки дар қонунгузориҳо омадааст, бояд ҳаҷми ҷарима муҷиби қатъи фаъолияти нашрия нагардад. Яъне агар ин қарори суд бо ҳамин ҳол ҳукми қонунӣ гирад, шояд “ИмрӯзNews” аз фаъолият боз монад. Зеро пардохти 50 ҳазор сомонӣ барои як нашрияе, ки ҳанӯз аз ҷиҳати моддию иқтисодӣ чандон қодир нест, миёншикан мебошад.”

Дар ҳамин ҳол Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд ҷиҳати аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки мутаассифона баъзе мақомоти судии мо бо чунин қарорҳои худ васоити иттилооти оммавиро ба он водор мекунанд, ки гапдаро бошанд: “Яъне ба масъалаҳои танқидӣ даст назананд. Ба мисли рӯз равшан аст, ки дар матлаби Имрӯзнюс, ягон сухани таҳқир ба чашм намерасад, балки шояд ҷиҳати танқидӣ дошта бошад. Бинобар ин судҳои мо бояд ҳангоми баррасии чунин қазияҳо танқидро аз таҳқир ба таври ҷиддӣ фарқ кунанд ва ба хостаҳо ё фишорҳои фарзанди касе, ки набошад дар нисбати нашрияҳо бодиққаттар бошанд. Чун эътироф ё эҳтиром гузоштан ба озодии сухан, ки танқид яке аз рукнҳои муаянкунандаи он аст, бояд дар кишварҳои демократӣ, ки Тоҷикистон даъвои чунин давлатро дорад, бояд таъмин бошад. Чунин қарорҳои судӣ метавонанд, обрӯю эътибор, нуфуз ва имиҷи давлати соҳибистиқлоли демократии Тоҷикистонро коҳиш диҳанд.”

Дар ҳамин ҳол SPJ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, низ аз ҳукми додгоҳ нисбати Имрӯзнюс, изҳори нигаронии амиқ кардааст. Музаффар Сулаймонов , масъули Кумитаи дифоъ аз журналистон ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, аз он нигаронанд, ки мурофиаи додгоҳӣ алайҳи нашрияи "Имрӯзнюс" пӯшида сурат гирифтааст. Ба таъкиди вай ҷаримае, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои «Имрӯзнюс» таъин кардааст, ба фаъолияти ин нашрия таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид.

Рустам Ҳукумов се сол пеш бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин иттилоъ пас аз боздошти ду халабони ширкати русии «Ролкан» дар Тоҷикистон тавассути ВАО-и Русия расонаӣ гардид. Аммо охирҳои соли 2011 - ум додгоҳ зимни бозбинии парвандаи ӯ, гуноҳашро исботнашуда хонда, раҳояш кард.

Рустами Ҷонӣ
, муассиси нашрияи “ИмрузNews”, қарори додгоҳро нисбати рӯзнома як таҳқир хонд. Ӯ гуфт, “мо барои исботи ҳақ будани худ дар нашри ин мавод талош мекунем ва итминони комил дорем, чизе, ки мо рӯи чоп овардем дар ҳошияи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи паймонҳои байналмилалӣ буд ва то ҷое, ки гӯши адолтшунав ҳаст ва қобили фарқ кардани сиёҳ аз сафедро дорад мо муборизаамонро идома мебахшем. “

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)