Чин пахши барномаҳои шабакаи хабарии Бӣ-Бӣ-Сӣ-ро дар қаламрави худ манъ кардааст. Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, пахши сервиси «Ахбори ҷаҳон»-и он дар дохили Чин масдуд гардида, сокинони ин кишвар наметавонанд ба ин шабака дастрасӣ пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, қатъи пахши барномаҳои Бӣ Бӣ Сӣ ба дунболи боздошти чанд хабарнигораш аз тарафи мақомоти амниятии Чин сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манобеи хабарӣ, хабарнигорони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар ҳоле боздошт шудаанд, ки талош доштаанд, аз маҷмаае, ки дар он хакерҳои барҷастаи низомии Чин мустақар будаанд, филме таҳия намоянд.
Мӯҳр