Бахшҳо

Шаҳрванди фирории узбак дар Бишкек ғайб задааст

Шуҳрат Муҳсин, шаҳрванди фирори узбак, ки дар қасди тағйири сохти конститутсионии Узбакистон муттаҳам мешавад, чанд рӯз пеш дар Бишкек ғайб задааст.

Дар ин бора Анҷумани «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» (AHRCA) иттилоия пахш намуда, нопадид шудани Шуҳрат Муҳсинро кори дасти хадамоти махсуси Узбакистон гуфтааст.

Дар иттилоияи AHRCA, омадааст, рӯзи ҳаштум мешавад, Шуҳрат Муҳсин бедарак аст ва ба зангҳои телефонӣ посух намедиҳад. AHRCA дар мавриди ҷузъиёти нопадид шудани ин шаҳрванди фирории узбак менависад, ки “18-уми феврал ба телефонии ҳамроҳи Муҳсин нафаре занг мезанад. Баъдан ӯ аз манзили иҷорааш, воқеъ дар шаҳраки Аламедини ноҳияи Бишкек берун шуда, гуфтаст, ки зуд бармегардад. Дар он хона ҳамкасб ва ду фарзанди ноболиғаш қарор доштаанд. Ҳамсараш он замон дар роҳ ба сӯйи Бишкек будааст.”

Анҷумани «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» менависад, Муҳсини 29 сола дар шаҳри Хонободи Андиҷони Узбакистон ба воя расидааст: «Падари вай барои риояи оинҳои исломӣ дар қайди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон буда, дар пайи таъқиби мақомот соли 2008 маҷбур мешавад барои мардикорӣ ба Русия биравад».

Дар ҳамин ҳол, соли 2008, вақте нозири минтақавӣ ва кормандони Хадамоти миллии амниятии Узбакистон зуд-зуд ба манзили Шуҳрат меоянд, ӯ низ тасмим мегирад, ки кишварашро тарк намояд. Ҳамроҳ бо модар ва ҳамсараш ба Қирғизистон рафта, баъдан, падараш низ бо онҳо ҳамроҳ мегардад ва дар якҷоягӣ ба намояндагии Раёсати комиссари олии СММ дар умури гурезаҳо дар Бишкек муроҷиат мекунанд.

Соли 2009 СММ, Шуҳрат Муҳсинро паноҳандаи иҷборӣ эътироф кард ва ӯ дар Қирғизистон ба сар бурда, мунтазири интиқол ба кишвари сеюм нишаст. Волидонаш аз тариқи Раёсати комиссари олии СММ дар умури гурезаҳо ба ИМА рафтаанд. Аммо барои қабули Муҳсин ИМА ду маротиба ҷавоби рад додааст.

Дар ҳамин ҳол сентябри соли 2009 муҳлати шиносномаи узбакии ӯ ба анҷом расида, маҷбур мешавад, ҷойи зиндагияшро дар Қирғизистон пинҳон намояд.

Муҳсинро дар ватанаш дар қасди барҳам задани сохти конститутсионӣ ва ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мекунанд. Аммо ӯ дар суҳбатҳои қаблияш бо расонаҳо ҳама гуна иртибот бо созмонҳои мамнуъро рад кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)