Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:40

Фаъолияти "Ҷамоати таблиғ" дар Қазоқистон мамнуъ шуд

27 феврал 2013, 14:17

Фаъолияти ҳаракати мазҳабии «Ҷамоати таблиғ» дар қаламрави Қазоқистон низ мамнуъ эълон гардид.

Тавре хабаргузориҳои қазоқ хабар медиҳанд, 26-уми феврал додгоҳи ноҳияи Сариаркаи шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, ҳаракати “Ҷамоати таблиғ” - ро мамнуъ эълон карда, онро ба рӯйхати ҳаракатҳои ифротӣ ворид намудааст.

Қарори додгоҳи Қазоқистон дар ҳолест, ки фаъолияти “Ҷамоати таблиғ” дар Русия, Узбекситон ва Тоҷикистон солҳост, ки манъ мебошад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 11 нафар ба иттиҳоми узвият дар “Ҷамоати таблиғ” равонаи зиндон шудаанд.

“Ҷамоати таблиғ” ҳаракати мазҳабӣ буда, соли 1926 дар Ҳиндустон таъсис дода шудааст ва худро ҳамчун ҳаракати сулҳхоҳ муаррифӣ мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!