Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар Душанбе

28 феврал 2013, 08:41

Масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил, рӯзи 27 феврал, зимни мулоқоти дипломатҳои ин ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудаанд.

Тавре вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мулоқот ҳайати дипломатҳои тоҷикро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Исроилро муовини Директори генералии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, хонум Анна Азарӣ роҳбарӣ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ зимни машваратҳои дуҷониба баробари рушди муносибатҳои тарафайн, ҷонибҳо ҳамчунин мушкилиҳои глобалии ҷаҳон ва минтақаи ИДМ, вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Масъулини вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар поёни мулоқот ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Исроил ба имзо расид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!