Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:31

“Регар-ТадАЗ” бо “Сулземус”-и Олмон ба сабқат мебарояд

28 феврал 2013, 17:03

Футболбозони дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки барои бозиҳои мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2013, дар шаҳри Анталия омодагӣ мебинанд, шоми имрӯз, 28-уми феврал, бо дастаи “Сулземус” (Sulzemoos)-и Мюнхени Олмон бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Бозиҳои даставии Ҷоми даъвати АFC-2013 аз 6-уми марти соли равон шурӯъ мегардад. Дар ин бозиҳо ҳар клуби иштирокчӣ ду бозӣ дар сафар ва ду бозӣ дар майдони худ мегузаронад. Дар бозиҳои даставии Ҷоми даъвати АФК-2013, Тоҷикистонро дастаҳои “Регар ТадАЗ” ва “Равшан” муаррифӣ мекунанд,
Футболбозони дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, рӯзи 5-уми март, нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии худро дар Ҷоми AFC бо тими «Сафо»-и Бейрут дар гурӯҳи “А” баргузор мекунанд. Нахустин бозии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун, 6-уми март, баргузор мешавад.

Даври дуюми бозиҳои даставии Ҷоми даъвати АFC-2013 12-уми март оғоз мешавад. Дастаиҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” бозиҳои хонагии худро рӯзҳои 12-ум ва 13-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки “Регар-ТадАЗ” дар се бозии пешини санҷишӣ дар Туркия аз тими лигаи аввали Қазоқистон - «Оқжетпес»-и Кокшетау бо ҳисоби 1:2, аз тими дивизиони аввали Сербия - «Младеноватс» бо ҳисоби 1:3 ва аз тими «Арсенал» -и Киев, ки дар премйер-лигаи Украина бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!