Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Боҷи никоҳи тоҷикон бо хориҷиён дуним баробар афзуд

28 феврал 2013, 17:19

Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, 28-уми феврал тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи боҷҳои давлатиро ба тасвиб расонд, ки тибқи он боҷи сабти никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ аз 80 то ба 200 сомонӣ расонда шуд.

Ин қарори нав дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти тоҷик никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён дар як соли охир коҳиш ёфтааст. Бино ба хабари Вазорати адлияи Тоҷикистон соли 2012 наздик ба 300 хориҷӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин ниҳод, соли 2010 теъдоди чунин издивоҷҳо аз ҳадди 700 адад гузашта буд. Масъулини Вазорати адлия ин камшавиро ба шартҳои нави издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ рабт медиҳанд, ки аз соли 2011 мавриди амал қарор гирифтаанд.

Пас аз тасвиби тағйиру иловаҳо дар Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 танҳо он хориҷиёне метавонанд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон ақди никоҳ банданд, ки як соли охир дар Тоҷикистон зиста, ҳамсари худро бо манзили зист таъмин карда метавонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход,ки хамон марди хоричи,афгон аст,эрони аст.араб аст,ё покистониву хиндуву хитоиву яхудиву америкои хаст ё инопленитянин аст,хамин 200-сомониро наёбад.Хозир як лухтак дар Россия 200-сомони аст.Наход,ки духтарони Точикистон аз лухтак арзонтар бошанд.Э муред шумо барин хоричиёни мурдаи мумсикро.Химмати зангири надоред.мемуред,ки сартона хам гиреву гардед.Духтарони точик холо хело бекадр шудаанд.Замонаи нохак онхоро бекадр кард.Чавонони мо хам айбдоранд."20-сол пеш мо чавон будем,ку хадде дошт,ки ягон хоричи суни духтарони точик нигох мекард.Дандоношро дар киссаи шимуш мегардонд,на память.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!