Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Созмони Милал ба ҳимояи Абдуллоҷонов хест

1 март 2013, 10:11

Созмони милали муттаҳид аз мақомоти Украина хост, Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод накунанд.

Дафтари минтақавии Комиссари Созмони Милал оид ба гурезаҳо бо пахши баёнияе дар сомонаи расмиаш, аз ҳукумати Украина талаб кардааст, то нафареро, ки дар Амрико ҳамчун гуреза эътироф шудааст, таҳти ҳимоят бигирад ва аз итирдодаш ба Душанбе ҷилавгирӣ кунад. СММ изҳори умед кардааст, ки “Украина дархости истирдоди ин фардро рад карда ва бар асоси асноди байналмилалии эътирофшуда, ӯро ҳарчӣ зудтар раҳо мекунад.”

Абдумалик Абдуллоҷонов, ки солҳои 1992 – 1995 сарвазири Тоҷикистон буд, рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол” бо мусоидати пулиси байналмилал Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунад. Абдумалик Абдуллоҷонов бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдоди ӯ барои 40 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Тибқи қонунҳои Украина, дар ин муддат мақомоти Тоҷикистон бояд санадҳои заруриро дар мавриди гунаҳгор будани ӯ пешниҳод кунанд ва дар асоси аснод, додгоҳ оиди истирдоди ӯ қарор қабул хоҳад кард.

Худи Абдуллоҷонов дар суҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, боздошти ӯ “як иштибоҳ” аст, ба он хотир, ки ӯ, ба унвони як паноҳандаи сиёсии ИМА ва шахси таҳти ҳимояи СММ, набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷоновро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин, аз қабили таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, қасди ғасби ҳокимият, куштор ва терроризм, айбдор мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!