Бахшҳо
01 мар 2013 13:41Фарҳангу адаб

Ҳабиб Ҳакимов ва DJ Fire: "То замоне илҳом аст, месароем" (Видео)

«Farzin» интизори сурудест, ки тавонад шуҳрати қаблии гуруҳро барқарор ва сабаби нашри албоми панҷум шавад. Чанд тарона аз ин албом аллакай муаррифӣ гардида, «Мисли қандӣ» намунаи охири он аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл омода ва дастраси расонаҳо гардид.

Фирӯз Ҳакимов, яке аз муассисони гуруҳи замоне овозадори «Farzin», ба «Озодагон» гуфт, барои маъруф шудан дар олами шоу-бизнеси сайёра талош хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд, аз ҳам пошидани гурӯҳ амре ногузир буд ва «Farzin»-и баъди «эҳё» ҳатман гуруҳи мақбули ҷавонон мешавад. “Farzin”-ро бо Ҳакимовҳо мешинохтанд. Фирӯз, ки бо гиторнавозияш дар кишвар ҳамто надошт ва Ҳабиб, ки бо садои танҳо хоси ӯ қалбҳоро тасхир мекард. Аммо онҳо ҳеч пайвандии хешутаборие надоштанд. Ягона чизе, ки онҳоро пайваст, мусиқӣ буд…

Фирӯз Ҳакимов мегӯяд, бо Ҳабиб Ҳакимов дар гуруҳи роки мавсум ба «Западный квартал» ошно шуд. «Ман гитор менавохтам, ӯ дуюмин овозхон буд. 21-уми ноябри соли 1999 дар рӯзи мавлуди Ҳабиб пешниҳод кардам, ки гуруҳи нав таъсис диҳем ва номашро «Фарзин» гузорем. Ин номро соли 1996 падари ман интихоб карда буд. Он замон донишҷӯй будам ва орзуи таъсиси гуруҳи худро доштам»,-ба ёд меорад Фирӯз.

Ӯ мегӯяд, «Фарзин» яке аз вожаҳои Форси қадим аст. Ҳабиб идома медиҳад, “фарзин дар шоҳмот донаест, ки миёни пиёда ва шоҳ қарор мегирад. Дар англисӣ «QUEEN» тарҷума мешавад, ки исми гуруҳи дӯстдоштаи ман аст.” Ҳамагӣ пас аз чанд моҳи таъсис «Farzin» ба яке аз гуруҳҳои маъруфи ҷавонон табдил шуд. Ҳар таронаи он дар қатори сурудҳои сершунаванда қарор мегирифт. Соли 2000-ум аввалин албоми «Farzin» ба нашр расид, ки «Made in Vatan» ном дошт. Ба қавли Фирӯз Ҳакимов, қабл аз таъсиси гуруҳ пеши худ мақсад гузоштаанд, ки барои маъруфият миёни шунавандаи тоҷик ва берун аз марз талош мекунанд: «Сабаби аслии бо забони англисӣ таҳия шудани албоми аввалини мо ҳамин буд, ки дар кишварҳои дигар ҳам сурудҳои моро гӯш кунанд. Соли 2000-ум ба ҷашнвораи байналмилалии «Садои Осиё» дар Алмаато даъват шудем ва ҳунарнамоии мо мақбули тамошобинон гардид.»



«Farzin» босуръат маъруф шуд. Ҳар таронаи он зуд сари забонҳо мегардид. Дар консертҳояш ба қавле «ҷои сӯзанпартоӣ набуд». Сурудҳои гуруҳ аслан бо ду забон- тоҷикӣ ва англисӣ иҷро мешуданд. Ҳамин вижагӣ «Farzin»-ро то саҳнаҳои Русия, Олмон ва Амрико бурд. Аммо сабаби муваффақияти гуруҳ дар шеваи интихобкардааш гуфта мешавад, ки барои Тоҷикистон нав ва муҳимаш такрори дигарон набуд. Мавзӯи таронаҳои «Farzin» мухталиф буд: аз муҳаббат то диёру қайсингул. «Боронак», «Духтари ванҷӣ», «Қайсингул», «Find your star», «Ёд дор», «Шамъ» аз таронаҳои маъруфи «Farzin»-анд.

Фирӯз мегӯяд, ҳоло онҳо ба сабт ва таҳияи таронаҳо машғуланд. Дар сурати ба таври фавқулода машҳур шудани яке аз сурудҳо албоми нави «Farzin» нашр мешавад ва ин панҷумин маҷмӯаи онҳо хоҳад шуд. Тавре гуфтем, албоми нахустини гуруҳ «Made in Vatan» соли 2000-ум таҳия гардид. Дар соли 2001 «Farzin» «Tajikenium»-ро пешниҳод кард. «Гардум the world» дар соли 2002 ба дасти ҳаводорон расид. Албоми чоруми гуруҳ – «Синамо» баъд аз як соли таърих, дар соли 2004 вориди бозор шуд. Консерте ҳам бо ҳамин ном гӯиё нуқтаи таммати «Farzin» шуд.

Фирӯз Ҳакимов мегӯяд, коҳиши маҳбубияти гуруҳ ногузир буд: «Ростӣ, мо хеле хаста шудем. Ҳамаи идеяҳоямон роҳандозӣ шуданд: консерт дар Борбад, консерт дар варзишгоҳ, нашри албом дар Олмон… Дигар намедонистем чӣ кор кунем. Баъд нофаҳмиҳо сар зад, гапҳоямон бо Ҳабиб гурехт. Ин ҳолат марбути ҳамаи гуруҳҳо аст, зеро имкон надорад, ҳамеша муваффақ ва маъруф буд. Ҳатто офтоб дар осмон ҳамеша равшанӣ намедиҳад, ҷояшро моҳтоб мегирад.»

Баъди аз ҳам пошидани гуруҳ Фирӯз Ҳакимов дар радиои «Ватан» фаъолият мекунад. Чанд барномаи мустақими русиро гардонандагӣ намуда, ҳамзамон дар роҳандозии лоиҳаҳои мусиқии радио, назири «Ситораҳои асри нав» даст дошт. Дар ин муддат вай бо тахаллуси DJ Fire чанд албоми миксшуда, ки омезиши таронаҳои тоҷикӣ бо мусиқиҳои ғарбӣ буд, ба бозор баровард. Ҳабиб Ҳакимов бошад, тасмим гирифт ба танҳои овозхонӣ намояд. Маҳсули ин давраи фаъолияти вай албоми «Шикасти фиреб» буд. Ҳарчанд таронаҳои алоҳидаи вай миёни гуруҳе маҳбубият касб кард, аммо дар маҷмуъ натавонист муваффақ шавад. Ба қавли Фирӯз раванди маҳбубият ва аз ҳамзадани гуруҳҳо танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки дар тамоми ҷаҳон чунин аст: гуруҳҳо таъсис меёбанд ва бо гузашти муддате аз байн меравад, зеро мусиқӣ тағйир меёбад, талаботи шунаванда дигар мешавад.

Соли 2012 Фирӯз ва Ҳабиб Ҳакимовҳо эълон карданд, ки дигарбора зери бренди «Farzin» баромад мекунанд, аммо Фирӯз мегӯяд, онҳо ҳанӯз соли 2010 ба таҳияи тарона муштарак машғул шуданд: «Як рӯз бо Ҳабиб вохӯрдем. Ин соли 2010 буд. Нишастем, нӯшидем ва тасмим гирифтем, ки аз нав гуруҳро фаъол мекунем». Ва «Farzin» соли 2012 дар клуби шабонае дар шимоли Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард.

«Фарзин»-и баъди «эҳё» соҳиби ҳудуди 10 суруд аст. «То замоне, ки илҳом ҳаст, мо мехонем»,-мегӯянд онҳо. «Сиёҳчашмак», «Опс-опс», «Анор-анор», «Камкамак», «Master and Servant», «Сенерита», «Ки сага сар дод», «Қаҳр макун», «13 &3», «Ҷигак-ҷигак» ва «Мисли қанд». Таронаи «Сиёҳчашмак» аз феҳрасти сурудҳои «Фарзин» берун аст. Онро моли давраи яккахонии Ҳабиб медонанд. Воқеан, ин тарона муддате сархати сершунавандаҳоро тарк накард ва ба Ҳабиб маъруфият овард. Бино ба гуфтаи Фирӯз Ҳакимов, оҳанги гитори «Сиёҳчашмак»-ро ӯ навохтааст, аммо бо далели фавти модараш дар суруд ширкат надошт. «Мо чанд таронаи дигари муштарак ҳам доштем, ман пайи анҷоми маросимҳои азодории модару падарам будам ва Ҳабиб ин таронаҳоро иҷро кард».

Фирӯз ва Ҳабиб мегӯянд, онҳо барои касби дигарбораи мавқеи худ ва яке аз гуруҳҳои маъруфи Тоҷикистону ҷаҳон шудан, талош хоҳанд кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)