Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Иттиҳомоти нав алайҳи Димон Ашӯров

1 март 2013, 13:43

Мақомот алайҳи Димон Ашӯров, ки моҳе қабл аз аз Чин ба Душанбе истирдод шуд, иттиҳомоти нав пеш гузоштаанд.

Димон Ашӯров, сокини шахри Хоруғ, ки бештар бо номи Давлатбек Давлатбеков маъруф аст, баробари қаллобӣ ва фирор аз мақомот, акнун дар созмони гуруҳи ҷиноӣ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва зурӣ нисбати намояндагони ҳукумат гунаҳкор карда мешавад.

Тавре Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров, мегӯяд, аз иттиҳомоти пешниҳодшуда, зерҳимояаш танҳо қаллобиро эътироф кардааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ моҳи декабр, Додситонии кулли Тоҷикистон тамоми ширкаткунандагони ҳаводиси моҳи июли Хоруғро, ки ихтиёран силоҳ таслим кардаанд, авф намуд, вале чаро ин иқдом ба Ашӯров дахл надоштааст, ҳанӯз суоли матраҳ аст. Қудратов изҳор дошт, ки айни ҳол машғули таҳияи аснод аст, то беасосии иттиҳомоти навро алайҳи зерҳимояаш нишон диҳад.

Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амлиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафтааст. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январ ба Душанбе истирдод шуда, айни ҳол дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!