Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Вогузории баҳси парвандаи Равшан Собиров ба 7-уми март

1 март 2013, 14:38

Мурофиаи додгоҳии Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар то рӯзи 7 март ба таъхир гузошта шуд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон”, Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Равшан Собиров, хабар дод. Ба иттилои Айтқулов, мурофиаи додгоҳӣ бо пешниҳоди судшаванда, Тоҳир Мирзоаҳмедов, ки бояд суханони охиронашро ба додгоҳ гӯяд, ба таъхир гузошта шудааст: “Мирзоаҳмедов мегӯяд, ки бемор аст ва мехоҳад сиҳат шуда баъд сухани охиринашро ба додгоҳ иброз дорад”. Ба гуфтаи вакили мудофеи Равшан Собиров, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 7 март соати 9:30 ба вақти Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Равшан Собиров, собиқ вазири тоҷики Қирғизистон, ба он айбдор мешавад, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардидааст, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дод. Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид.

Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол кардааст. Интизор меравад, додгоҳ нуқтаи ниҳоӣ дар ин қазияро рӯзи 7 март гузорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!