Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:17

Гумони табибони рус дар бораи бемории 140 тоҷик ғалат баромад

1 март 2013, 16:52

Ташхиси бактериологии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гумони бемории халера ё вабо бегоҳи 28 феврал дар беморхонаи рақами 4 –и шаҳри Ростови лаби Дон бистарӣ шуданд, нишон дод, ки гумони табибон ғалат аст. Тавре сомонаи расмии Вазорати тандурустии минтақаи Ростов хабар медиҳад, ташхиси бактериологӣ нишон додааст, ки мусофирони тайёраи Хуҷанд - Ростов на вабо, балки дизентерия ё худ дарунравӣ доштаанд.

Қаблан хабаргузориҳои рус хабар доданд, ки табибон дар организми мусофирони ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон парвоз кардааст, нишонаҳои бемории халера ё худ ваборо ёфтаанд. Ба навиштаи расонаҳо дар ин ҳавопаймо ҳудуди 140 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки ният доштаанд, тавассути Ростов ба шаҳри Маскав сафар намоянд. Аммо дар ҳаво ҳайати тайёра мушоҳида кардааст, ки ду нафар мусофир зиёд ба нуктаи санитарии тайёра мераванд ва аз ин ҳол ба хадамоти рӯизаминии фурудгоҳи Ростов хабар додаанд. Пас аз поин омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, табибон ташхиси пешакӣ гузаронда, дар ду нафар мусофир нишонаи бемории вабо ё худ халераро ёфтаанд. Бо назардошти ин, тайёра бо ҳамаи мусофиронаш ба карантин равона шудааст.

Айни ҳол масъулини Вазорати тандурустии минтақаи Ростов мегӯянд, се мусофир бо табобат фаро гирифта мешаванд ва боқимонда сафарашонро ба Маскав ва Санкт Петербург идома хоҳанд дод.

Табибон мегӯянд, вабо бемории хатарноки сироятист, ки сабаби дарунрав, қай ва хушкшавии оби бадан мешавад ва одатан дар тобистон афзоиш ёфта, дар сурати саривақт табобат нашудан, маргбор аст. Сарчашми асосии ин беморӣ оби ифлос арзёбӣ мегардад ва хуруҷи охиронаш дар Тоҷикистон соли 1993 сабт шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!