Мақомоти пулис дар ноҳияи Носири Хусрав бо иттиҳоми дастдарозӣ ба духтарчаи 10-сола шаҳрванд Тоҷиев Туймуроди 20-соларо боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 28-уми феврал, як сокини ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба мақомоти пулис омада, шикоят кардааст, ки духтарчаи 10-солаи ӯ дар вақти чаронидани чорво мавриди дастдарозии шахси номаълум қарор гирифтааст. Ба иттилои манбаъ барои ошкор намудани омили ин амали нангин, бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Манбаъ афзуд, дар тӯли як шабонарӯз ин ҷинояти вазнин аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳия ошкор гардид ва ба сифати гумонбар Тоҷиев Тӯймурод Олтибоевич, соли таваллудаш 1993, муваққатан бекор, маълумоташ миёна, сокини ҳамин ноҳия дастгир шуд.
Масъулини вазорати умури дохилӣ мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр