Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Душанбе аз Маскав ҷуброни "зарари маънавӣ" мехоҳад

2 март 2013, 09:56

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гумони ғалати мақомоти рус оид ба вабо дар тайёраи Хуҷанд-Ростовро “таққир” хонда, масъалаи ҷуброни маънавии беш аз 140 мусофири тоҷикро ба миён гузоштааст.

Тавре Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия нотаи эътирозӣ фиристода ва талаб мекунад, ки гунаҳкорони ин ҳодиса, хоҳ масъулини фурудгоҳ ё ширкат, ҷуброни зарари маънавии ин ҳодисаро пардохт кунанд. Давлат Назрӣ афзуд, агар мусофирони ҳавопаймои Хуҷанд-Ростов, барои рӯёндани ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат кунанд, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омода аст, онҳоро дастгирии ҳуқуқӣ кунад.

Норозогии дипломатҳои тоҷик дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми март хабаргузориҳои рус бонги хатар заданд, ки табибон рӯзи 28 феврал дар организми мусофирони ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон парвоз кардааст, нишонаҳои бемории халера ё худ ваборо ёфтаанд. Ба навиштаи расонаҳо дар ин ҳавопаймо ҳудуди 140 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки ният доштаанд, тавассути Ростов ба шаҳри Маскав сафар намоянд. Аммо дар ҳаво ҳайати тайёра мушоҳида кардааст, ки ду нафар мусофир зиёд ба нуктаи санитарии тайёра мераванд ва аз ин ҳол ба хадамоти рӯизаминии фурудгоҳи Ростов хабар додаанд. Пас аз поин омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, табибон ташхиси пешакӣ гузаронда, дар ду нафар мусофир нишонаи бемории вабо ё худ халераро ёфтаанд. Бо назардошти ин, тайёра бо ҳамаи мусофиронаш ба карантин равона гардида, тайи як шабонарӯз мавриди муоина қарор гирифтаанд.

Аммо ташхиси бактериологӣ нишон додааст, ки гумони бемории халера ё вабо дар мусофирони ин тайёра ғалат аст. Тавре сомонаи расмии Вазорати тандурустии минтақаи Ростов хабар медиҳад, ташхиси бактериологӣ нишон додааст, ки мусофирони тайёраи Хуҷанд - Ростов на вабо, балки дизентерия ё худ дарунравӣ доштаанд. Бегоҳи 1 март масъулини Вазорати тандурустии минтақаи Ростов хабар доданд, ки се мусофир бо табобат фаро гирифта мешаванд ва боқимонда сафарашонро ба Маскав ва Санкт Петербург идома хоҳанд дод.

Табибон мегӯянд, вабо бемории хатарноки сироятист, ки сабаби дарунрав, қай ва хушкшавии оби бадан мешавад ва одатан дар тобистон афзоиш ёфта, дар сурати саривақт табобат нашудан, маргбор аст. Сарчашми асосии ин беморӣ оби ифлос арзёбӣ мегардад ва хуруҷи охиронаш дар Тоҷикистон соли 1993 сабт шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!