Бахшҳо
02 мар 2013 11:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Замин ба гарав: Сарқонун сарфи назар шуд?

Парлумони Тоҷикистон ахиран ба қонун “Дар бораи ипотека” тағйиру иловаҳое ворид намуд, ки тибқи он шаҳрвандони кишвар минбаъд метавонанд, заминро ба ивази қарзҳои бонкӣ ба гарав гузоранд. “Озодагон” аз масъулини давлат, ҳуқуқшиносон ва таҳлилгарони иқтисодӣ суол кард, ки то куҷо ин қарор мувофиқи сарқонун аст ва чӣ пайомаде хоҳад дошт?

Шодӣ ШАБДОЛОВ,
вакили парлумон

Тибқи сарқонун замин моликияти истисноии давлат аст бо тамоми сарватҳои рӯи заминияшу зери заминияш.Моликияти истисноӣ, ки шуд, каси дигар соҳиби ин моликият шуда наметавонад ҳатто вазорату ҳукумат. Давлат ҳуқуқи истифодабарии заминро ба мардум ройгон медиҳад на инки фурӯшад. Ҳуқуқфурушӣ як мафҳуми аблаҳона аст, ки дар инҷо қабул кардем. Чи тавр ҳуқуқу озодиро ба каси дигар мефурӯшӣ? Ҳуқуқ мол нест, ки фурӯхта шавад. Вақте лоиҳаро оварданд гуфтанд, ки мо заминро намефурӯшему ҳуқуқи истифодаи заминро мефурӯшем. Масъалаи дуввум он аст, ки вақте ҳуқуқи истифодаи заминро ба гарав медиҳӣ, вазифадорӣ ҳамаи ончи дар заминат ҳаст ба гарав монӣ. Вақте қарзи бонкро баргардонида натавонистӣ тамоми молу мулкатро мегиранд.

Абдукарим НЕЪМАТОВ,
муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Шахсони юридикӣ метавонанд заминро ба ҳуқуқи бегона кардан қарор диҳанд. Ин ба ваколати ҳокимиятҳои маҳаллӣ дода шудааст. Дар асоси ҳамин модда он одаме, ки ин ҳуқуқро пайдо мекунад, метавонад заминро фурӯшад, ба гарав гузорад ва ё тӯҳфа кунад. Дар асоси ҳамин кодекси замин мо ин иловаро дар қонун дар бораи Ипотека ворид кардем. Албатта ин бо Сарқонун камтар мухолифат мекунад, аммо дар оянда метавонанд, инро ба мувофиқа дароранд.

Муҳиддин КАБИРӢ,
вакили парлумон

Хостанд, то моликияти давлатиро вориди муомилоти иқтисодӣ гардонанд ва расман гӯё дар моликияти давлат мемонад, вале амалан замин мавриди хариду фурӯш қарор мегирад. Он санаде, ки ҳаққи истифодаро ба шаҳрванд ва ё шахси ҳуқуқӣ медиҳад, инро дар ихтиёри шахси дигар қарор медиҳанд ё мефурӯшанд. Ин як наввъи бидуни тағиру иловаҳо ба Конститутсия ба муомилоти молӣ ва иқтисодӣ ворид намудани замин аст, ки дар ниҳояти кор аз ин муомилаҳои болои замин танҳо мансабдорони ришвахор, он касоне, ки сертификати истифодаи заминро мегиранд фоида мебаранд ва ба буҷет ҳеч маблағе мутаасифона ворид намегардад. Инро ман мухолифат бо конститутсия ҶТ медонам. Агар воқеан мехоҳанд заминро вориди муомилоти молӣ кунанд, бояд ин ба таври ошкору шаффоф сурат гираду ҳар як қитъаи замин аз рӯи ҷойгиршавию ҳосилнокияш ва дар шаҳру деҳот қарор доштанаш муайян гардад. Нархи ошкор ҳам гузошта шавад, то мардум бидонанд чиро мехоҳанд ва як санади расмӣ ба онҳо дода шавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ,
вакили парлумон

Мувофиқи он тағиру иловаҳое, ки ба кодекси замини ҶТ ворид гардид, категорияи нави ҳуқуқӣ барои замин пешбинӣ карда шуд. Ин маънои онро дорад, он шахсоне, ки қитъаи заминро бо ҳуқуқи бегонакунӣ ба даст меоранд, метавонанд нисбати ин қитъаҳои замин бо салоҳдиди худ рафтор кунанд. Дар ин ҳолат заминро метавонанд ҳадя намоянд ва ё фурушанду ба гарав гузоранд. Дар кодекси замин қитъаи заминро ҳамчун обекти фурӯш не, балки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро ҳамчун обекти хариду фуруш пешбинӣ намудем. Иҷро нагардидани ин қонун пештар сабабаш ин буд, ки бонкҳо барои гирифтани қитъаи замин аз деҳқонон чандон манифатдор набуданд. Онҳо заминро мегирифтанд, аммо соҳиби он шуда наметавонистанду қодир ба фурӯши он набуданд. Тағйиру иловаҳо ба ин қонун як қадами ҷиддӣ ба пеш мешавад.

Сергей РОМАНОВ,
ҳуқуқшинос

Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи ҶТ, замин моликияти истисноии давлат мебошад. Қобили қайд аст, ки тибки қисми 1 ва 3-и моддаи 2 Кодекси Замини ҶТ "Замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, бегона намоянд". Тибқи қисми 2 моддаи 2-и Кодекси ЗаминиТоҷикистон "ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқӣ гражданӣ буда, метавонад предмети хариду фуруш, тӯҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо бошаду инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад. Қитъаи замине, ки ба бегона намудани ҳуқуқи истифодабариашон ҳуқуқ пайдо кардаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд. Ҳамин тариқ мутобиқи қонунгузори амалкунанда, бегонакардани ҳуқуқи истифодабарии замин бе таъғир додани таъиноти мақсаднок, имконпазир аст. Барои иваз кардани таъиноти истифодабарии қитъаи замин иҷозатномаҳои махсус гирифтан лозим меояд.Ҳамчунин қобили қайд аст, ки ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст қатъ мегардад.

Баҳор ҚАМАРОВ,
Иқтисоддон

Ба гарав гузоштани моликияте, ки моликияти худи гаравгузор нест, мушкилотеро аз ҷониби бонкҳо дар ба расмият даровардани ин ҳуҷҷатҳо эҷод мекунад. Чун ҳар чизе, ки ба гарав дода мешавад, баҳои он бояд мушаххас гардад. Айни ҳол дар Тоҷикистон бозори замин вуҷуд надорад ва чигуна бонк метавонад ба замини ба гарав гузошташуда баҳо гузорад ва баъид аст гаравдиҳанда онро қабул кунад. Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки дар кишвар вуҷуд дорад минҷумла ҷудокунии замин, ба ин чиз мо ҳануз омода нестем. Беҳтар аст, то замин моликияти шахсӣ эътироф нагардад. Вақте замин хусусӣ шуд, сарватмандон метавонанд заминҳоро барои худ харидорӣ кунанд ва дар ин ҳолат деҳқони асил аз замин маҳрум мешавад. Ман мувофиқи иҷро шудани ин қонун дар шароити феълӣ нестам.

Фирӯз САИДОВ,

коршиноси мустақил

Дар ин қонуни нав гуфта шуда, ки ҳуқуқи истифодаи замин ба гарав монда мешавад. Дар ин кодекс қайд гардида, ки ҳуқуқи истифодаи замин баробар бо моликият мебошад ва онро мешавад фурӯхт ва ё ба гарав монд. Ин як кори қонунист, чун дар инҷо сухан дар бораи фурӯши замин намеравад, балки дар бораи ҳуқуқи истифодабарии он меравад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)