Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:45

Шоми Шӯрообод ором нест

4 июл 2011, 10:47

«Афғонҳо намезананд, омада  молу говамонро ба зӯрӣ мебаранду одамонро тарс медиҳанд, вале лату кӯб намекунанд. Одамони худӣ бошанд, бе ягон асос омада заданд, ҳақорат доданд ва бепарво  хеста рафтанд»



3-тан аз афсарони баландрутбаи ба истилоҳ, разведкачии сарҳадбонони тоҷик ба рустои Порвори ҷамоати деҳоти Ёли ноҳияи Шӯрообод зада даромада, 4-тан аз сокинони ин русто, Файзимад Одинаеви 44-сола, Азизбек Шаҳбозбекови 58-сола, Давлаталӣ  Сатторови 49-сола ва як зани дигар, Санифа Иброҳимоваи 55-соларо бе ягон асос аввал дар қади кўча ва баъдан, даруни ҳавлиҳояшон дароварда, зери мушту лагад мегиранд.
Бино ба иттилои сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод, полковники милиса, Неъмат Наимов, тақрибан соати 23 ба 23-30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, афсарони сарҳадчӣ майорҳо: Хусрав Нурматов,  Исломи Наврўзмамад ва   Муборакшо Гадоев, дар автомашинаи хизматии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 321 км 03рт, ба деҳаи Порвор даромада, бо истифода аз мусалсали тамғаи АКМ, як тир ба ҳаво парронда, сипас ҳар нафари наздашон баромадаро, бе асос лату кӯб кардан мегиранд. Ҳамчунин, ба гуфтаи шоҳидон, афсарони дар ҳолати мастӣ буда, ба сару рӯи одамон бо қундоқи автомат зада, ҳақорату дашном медиҳанд.

Амалиёти «Сархушӣ»-и майорҳо
Як сокини шаҳри Кӯлоб бо исми Файзалӣ  Ғафуров, ки ронандаи нақлиёти мусофиркаш будаву ҳамон шаб дар хонаи падарарўсаш дар ин русто будааст, мегӯяд, «баъди шунидани ғавғои зиёд ва доду фарёди одамон ба берун баромадам. Дидам, ки 3-афсар одамонро лату кўб кардан доранд. Наздашон рафта, хостам пеши роҳашонро гирам, ки якбора ба ман дарафтоданд. Мурданивор задандам ва болои сарам як тири автомат парронда, 850-сомонӣ ва тилфони ҳамроҳам, тамғаи Нокиаро маҷбуран кашида  гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, кормандони милиса саҳари рўзи дигар аз ҷои ҳодиса 1-адад гилзаи автомати АКМ, тамғаи 7,62-мм-ро дарёфт кардаанд.   
Полковник Наимов мегўяд, 5-нафар аз шахсони ҷабрдида ба ШКД-и ноҳия бо аризаи шикоятӣ  нисбати авбошӣ ва роҳзании афсарони сарҳадчӣ муроҷиат кардаанд. Дар ШКД оиди ин қазия санадҳои марбута тартиб дода шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтишот, ба прокуратураи ноҳия ирсол гардидааст. Саҳари рўзи дигар, аз ҳолати баамаломада, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ  ба раиси ноҳия ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон барқияи телефонӣ  ирсол карда, масъулинро бо вазъият шинос намудааст.  
Наимов мегўяд, ин рафтори афсарони сарҳадчиро ба ҷуз авбошӣ ва роҳзанӣ дигар чизе наметавон унвон кард ва эшон бо ин рафторашон на танҳо ҷиноят содир кардаанд, ҳатто доғ ба номи марзбонони тоҷик мегузоранд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир нисбат ба амали афсарони марзбон парвандаи ҷиноятӣ дар прокуратураи ноҳия оғоз гардидаст ва баъди ба анҷом расидани тафтишот, он ба прокуратураи ҳарбӣ ирсол хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, прокуратураи гарнизони ҳарбии минтақаи Кӯлоб саҳари рўзи дигар аз ҷои ҳодиса дидан карда, аз ҳолати рухдода аз наздик шинос гаштааст. Вале сардори ШКД мегўяд, дар ҳоли ҳозир ҳар се афсари муҷрим дар ҳудуди қисми ҳарбӣ мебошанд.

Аз борон гурехтему…
Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ки аз ҳолати рухдода дар ҳоли ҳозир гўё он қадар огаҳӣ надоштааст. Номбурда афзуд: «Дар ин маврид кормандони милиса дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура кор бурда истодаанд. Аммо як чизро бояд бигўям, ки аз афғонҳо халос нашуда, дар ҷурми сарҳадбонони худӣ мондем. Гумон доштем, ки марзбонони тоҷик пуштибонамон мешаванду  аз ситами афғонҳо озодамон мекунанд, вале инҳо аз афғонҳо ситамкортар будаанд».
Дар ҳамин ҳол, сокинони рустои Порвор мегўянд,  ин нахустин маротиба аст, ки сарҳадбонони тоҷик  мардуми бумиро латукӯб кардаанд. «Афғонҳо намезананд, омада, молу говамонро ба зӯрӣ мебаранду одамонро тарс медиҳанд, вале лату кӯб намекунанд. Худиҳо бошанд, бе ягон асос омада заданд, ҳақорат доданд ва бепарво  хеста рафтанд». Ин дар ҳолест, ки миёни ҷабрдидагон ягон ҷавон набудааст, то эшонро ба кадом гуноҳе муттаҳам кунанд. Балки ҳамагӣ миёнасолону пирон ва занҳо будаву гузашта аз ин, як нафар муаллим ва ду тани дигар намояндагони мардумӣ дар маҷлиси маҳаллӣ мебошанд.
Аслиддин Достиев, шаҳри Кӯлоб

{jathumbnail off}




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!