Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Радди ҳакерӣ шудани сайти хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо

4 март 2013, 09:13

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонҳои Тоҷикистон, сарусадо дар бораи ҳакерӣ шудани торнамои хонаводагиашон (turajon.com)-ро рад кард. Ӯ гуфт, масъулони торнамо ду рӯз боз аз пайи ислоҳи сайт ҳастанд ва рӯзҳои наздик дубора фаъол хоҳанд кард.

Торнамои хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо, ки ду соли пеш фаъол шуд, шарҳи ҳол, мавъизаву китоб ва суханрониҳои бародарон -- Эшони Нуриддин, Эшони Маҳмудҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро дар бар мегирад. Аз ҷумла дар ин торнамо китобҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода -- "Ҷойгоҳи зан дар ислом", "Масҷид ва ҷомеа" ва ҳамчунин "Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо..." дастрасанд.

Ин бародарон дар оғози кори худ гуфта буданд, ки ҳадафшон аз ташкили ин торнамо расонидани мавъизаву паёмашон ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар аст. Дар гузашта торнамои хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон як бор масдуд шуда, баъдан фаъол гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!