Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:45

Боҷи содиротии сӯзишворӣ коҳиш ёфт

4 июл 2011, 11:35

Шурӯъ аз аввали моҳи равон Русия боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро каме коҳиш додааст.


Боҷи содиротӣ барои ҳар тонна бензин, ки то кунун 415,8 доллар буд, ҳоло 400,5 доллар таъйин шудааст.
Хабаргузории «РИА Новости»-и Русия менависад, «аз 1 май боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ дар кишвар якбора 44 дарсад боло бурда шуда буд, ки ин тасмим ба мамлакатҳои воридкунанда таъсири манфии иқтисодӣ расонид». Дар ҳамин ҳол, баробари боло рафтани боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия нархи бензин ҳам дар Тоҷикистон боло рафта, ҳамакнун арзиши 1 литр бензини навъи «АИ-95» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 6 сомониву 50 дирам баробар гардид.
Тибқи омори расмӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли равон  11 дарсад кам шудааст, ки низ аз натоиҷи боло рафтани боҷҳои Русия дониста мешавад.  Гуфта мешавад, тайи ин муддат Тоҷикистон 215 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар ворид кардааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!