Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Додгоҳ қазияро ба нафъи хабарнигори “Озодӣ” ҳал кард

4 март 2013, 16:18

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баҳси миёни кӯдакистони "Санҷобча" ва хабарнигори Радиои Озодӣ, Абдулло Ашӯровро ба нафъи дувумӣ ҳал кардааст. Дар ин бора Хуршеди Ҳамдам, мудири дафтари "Озодӣ" дар Душанбе ба "Озодагон" хабар дод.

Ба қавли ӯ, ҳалномаи додгоҳ аз сӯи Рустам Мирзоев, муовини раиси додгоҳ ва додраси парванда рӯзи душанбеи 4-уми март эълом шудааст. Бино ба гуфтаи ҷаноби Ҳамдам, дар ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ даъвои Соҷида Назарова, собиқ мудири кӯдакистони шумораи 93-и шаҳри Душанбе, яъне "Санҷобча" алайҳи Радиои Озодӣ ва Абдулло Ашӯров беасос дониста шуда ва рад гардидааст.

Ин баҳс пас аз нашри як гузориш дар бораи ин ки масъулони кӯдакистони "Санҷобча" кӯдаконро азият мекунанд, ба толори додгоҳ рафт. Масъулони ин кӯдакистон иддао карданд, ки гузориш яктараф навишта шуда, обрӯву нуфузи онҳо ва кӯдакистонро поин бурдааст. Ин дар ҳолест, ки пас аз нашри ин гузориш раёсати маорифи Душанбе кӯдакистони "Санҷобча"-ро тафтиш ва бархе аз масъулони онро муҷозот кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!