Бахшҳо

Даҳ соат аз барномаҳои телевизиони Пойтахтро "қайчӣ заданд"

Телевизиони “Пойтахт”, ки то як ҳафтаи пеш ҳудуди 18 соат барнома пахш мекард, ҳоло дар шабонарӯз ҳашт соат барнома пахш хоҳад кард. Ин тасмим баъд аз қатъи барномаҳои "Пойтахт" дар як ҳафтаи охир гирифта шудааст.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
мудири телевизиони “Пойтахт, дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки шоми 4 март ё фардо телевизион аз нав ба пахши барномаҳояш оғоз хоҳад кард. Аммо ӯ таъкид кард, “мушкили асосӣ, ки ба иллати он кори шабака рӯзи 24-уми феврал қатъ шуда буд, ҳанӯз ҳал нашудааст ва “Пойтахт” чанд муддати дигар бо ҳамин мавҷфиристандаи куҳна корро пеш хоҳад бурд.”

Ҷаноби Абдуқаҳҳор мегӯяд, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад: “Дар Телерадиоком ба мо маслиҳат доданд, ки фиристандаи Шумо фарсуда шудааст ва бардошти 18 соат пахши барномаҳоро дар шабонарӯз надорад. Телевизион аз хориҷи кишвар фиристандаи нав фармоиш додааст ва то расидани он дар як шабонарӯз 8 соат барнома пешниҳод хоҳад кард.”

Фаъолияти “Пойтахт” бегоҳи 24-уми феврал, аснои суҳбати рӯзноманигор, Адибаи Азиз бо Гулрухсори Сафӣ, шоири мумтози тоҷик, ба якборагӣ қатъ шуд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, сарвари телевизиони “Пойтахт” ангезаи сиёсӣ доштани қатъи пахши барномаҳоро дар телевизиони "Пойтахт" рад карда, сабаби онро техникӣ арзёбӣ намуда буд.

Телевизиони "Пойтахт" шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ ба шумор рафта, шуруъ аз 1-уми ноябри соли гузашта барномаҳои худро 18 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо менамуд. Баъди гузаштан ба пахши 18-соатаи барномаҳо Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни як мусоҳибаааш бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошта буд, ки “мо рақиби ҷидии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин шабака талошҳо барои ироаи минбар ба чеҳраҳое, ки дар шабакаҳои дигари тоҷик ба истиллоҳ “мамнӯъ” ҳастанд ба назар мерасид ва яке аз сабабҳои қатъи фаъолияту коҳиши ҳаҷми барномаҳо ба ин иқдом рабт дода мешавад.
Мӯҳр
акбар
8 соат ё 18 соат чи фарк дорад аз бдусар ба чуз худатаон ва чанде аз хукуматдорон дигар касе тв-и камсаводу забонхаробро тамошонамекунад. хама парабол доран ва хар ки хостаи хешро аз тв-и хоричи тамошо мекунад....давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака-дуруги мазхсзи точики. касе тамошобиноро хисоб накардааст...ва имкони хисоб хам надорад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)