Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:20

Нигаронии Вазорати умури дохилӣ аз афзоиши харҷи мардум

5 март 2013, 08:58

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз афзоиши исрофкориҳои мардум дар ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба сарфакорӣ даъват кардааст.

Дар баёнияи ин ниҳод, ки бегоҳи 4-уми март паҳн гардидааст, таъкид мешавад, ки "вақтҳои охир ашхоси алоҳида талаботи қонунро нодида гирифта, ба исрофкориву худнамоӣ даст мезананд, ки он боиси таблиғи дигарон ба ин амали носолим ва ғайриқонунӣ мегардад.”

Вазорати умури дохилӣ таъкид кардааст, ки нақзи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳбарияти кишварро ба ташвиш овардааст, Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки минбаъд муборизаро дар ин самт густурда мекунад ва барои ин аллакай гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфтааст.

Ба иттилои ин ниҳод “бо нақлиётҳои зиёди хориҷиву қимат ҳозир шудан ба мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ ҳангоми тӯйи домодию арусӣ, бодабдаба қайд намудани зодрӯз бо шумораи зиёди одамон дар тарабхона, исрофкориҳо дар азодорӣ ва дигар хилофкориҳои қонун агар аз як тараф боиси исрофкориву хароҷоти беҳуда бошад, аз ҷониби дигар он таблиғи ин гуна амалҳои ғайриқонунист. Аз ин рӯ, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, дороии худро сарфи таълиму тарбияи фарзанд ва дигар эҳтиёҷоти зарурии оилаи худ намоянд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!