Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:01

Тоҷибоева аз болои Ислом Каримов ба СММ шикоят бурд

5 март 2013, 08:58

Мӯътабар Тоҷибоева, яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон ва раҳбари клуби “Қалбҳои оташин” аз болои ҳукумати ин кишвар ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал шикоят бурдааст. Бино ба хабари расонаҳо, Тоҷибоева ҳукумати Узбакистонро дар шиканҷа ва безурёткунии маҷбурии ӯ муттаҳам менамояд.

Хонум Тоҷибоева гуфтааст, ҳангоме ки ӯ соли 2008 дар маҳбаси занонаи шаҳри Тошканд муддати ҷазои худро сипарӣ менамуд, бидуни ягон асос аз тарафи пизишкон мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифта, танҳо пас аз баромадан ба озодӣ дар моҳи июни худи ҳамин сол огоҳ гардидааст, ки ӯро безурёт кардаанд.

Мӯътабар Тоҷибоеваи 50-сола соли 2005 дар пайи саркӯби хунини як тазоҳурот дар Андиҷон мавриди боздошт қарор гирифта, соли 2006 ба ҳашт соли зиндон равона шуд. Баъдан, соли 2008, дар натиҷаи исрору пофишориҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба озодӣ баромад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!