Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Оғохон барои рушди Тоҷикистон ним миллиарди дигар медиҳад

5 март 2013, 09:51

Бунёди рушди Оғохон мегӯяд, ҳамасола ба Тоҷикистон то 100 миллион доллари амрикоиро равона карда, ният дорад, ояндаи наздик боз ним миллиард доллари дигарро барои рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар сармоягузорӣ кунад.

Тавре аз Бунёди рушди Оғохон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз тарҳҳои ҷадиди ин созмон дар Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, барои тезондани татбиқи онҳо дастур додааст, нерӯгоҳҳои Себзор ва Санобод дар вилояти Бадахшон мебошанд. Манбаъ бо такя ба баҳогузориҳои пешакӣ арзиши ин ду лоиҳаро наздики 300 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки дар мавриди нерӯгоҳи 10 мегаваттаи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа аллакай тавофуқот миёни Тоҷикистону ин созмон ҳосил шудааст. Вале оиди сохтмони нерӯгоҳи Санобод дар ноҳияи Рушон, ки ҳудуди 15 маротиба аз Себзор боиқтидортар хоҳад буд, музокирот идома доранд.

Қаблан Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, талаботи Хазинаи Оғохонро дар мавриди Санобод “вазнин” ва “номақбул” арзёбӣ намуда буд. Ӯ мушаххас накард, ки ин созмон кадом талаботро пеш гузоштааст, аммо таъкид намуд, ки “Тоҷикистон хоҳони тавассути “биотӣ” сохтани нерӯгоҳи Санобод аст. Баъди оне, ки ин нерӯгоҳро месозанд ва хароҷоташонро бозпас мегиранд, Санобод бояд моли Тоҷикистон гардад.”

Дар Бунёди рушди Оғохон ба хабаргузории “Озодагон” изҳор доштанд, ки таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳоро бо усули “биотӣ” доранд ва барои истифода аз ин усул дар Тоҷикистон низ моиланд. Бо вуҷуд манбаъ афзуд, ки ҳанӯз масоили зиёди фаннӣ дар мавриди Санобод мавҷуданд, ки бояд бо Тоҷикистон баррасӣ гарданд.

Дар мавриди сарчашмаи садҳо миллион доллар, ки созмон ба Тоҷикистон равона мекунад, манбаъ изҳор дошт, ки аз ҳисоби худи Хазинаи Оғохон, маблағи ҳукуматҳои сармоядор, хайри ҷамоати исмоилиён ва боздеҳи лоиҳаҳои Оғохон дар саросари ҷаҳон гирифта мешаванд. Масъулини Бунёди Оғохон мегӯянд, дар Тоҷикистон ягона тарҳе, ки айни ҳол барои созмон даромад меорад, ширкати мобилии “ТСЕЛЛ” мебошад, ки 40 дар сади саҳмияҳои он ба Хазинаи Оғохон ва 60 дарсадаш ба ширкати аврупоии “Телиасонера” тааллуқ доранд. Ба иттилои ин бунёд тарҳҳои дигари созмон, аз ҷумла меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” ҳанӯз даромад наоварда истодааст. Масъулини ин созмон мегӯянд, тамоми маблағҳое, ки аз лоиҳаҳои Оғохон ба даст меоянд, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ниёзманд дар ҷаҳон, аз ҷумла Африқо ва Осиё равона мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!