Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 22:41

Ҳосили ғаллаи имсола дар қиёс ба як соли қабл камтар аст

4 июл 2011, 11:56

Дар минтақаҳои мухталифи кишвар дарав ва ҷамъоварии ғалла идома дорад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, имсол дар саросари Тоҷикистон дар масоҳати  223.686 гектар замин ғалладона кишт шуда, то имрӯз майдони 44,6% -и он даравида ва 82.904 гектари он кӯфта шудааст. Айни ҳол ҳосили умумии гандум 215.302 тоннаро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3.632 тонна камтар мебошад, ҳосилнокӣ бошад аз ҳар як гектар 26,0 сентнериро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, аз сабаби тафовути иқлимӣ дар ВМКБ то ҳол ҷамъоварии гандум оғоз нашудааст.  {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!