Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:45

Қиссаи ишқи тоҷикон дар Маскав бо фоҷиа анҷомид

6 март 2013, 08:32

Ҷасади Фирӯза Назармамадзода, ҷавондухтари тоҷик, зодаи Бадахшон ва сокини шаҳри Душанбе, ки охири ҳафтаи гузашта дар Маскав кушта шуд, имрӯз, 6-уми март ба Ватан оварда мешавад.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” пайвандони марҳум хабар дода, афзуданд, ки пулиси Маскав дар қатли Фирӯза, дӯстписараш, як сокини вилояти Бадахшонро муттаҳҳам мекунад, ки баъди содир намудани куштор қасд ба ҷони худ кардааст. Ба иттилои манбаъ айни ҳол қотили эҳтимолӣ бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона буда, ҷузъиёти ҳодиса аз тарафи мақомоти пулиси Маскав мушаххас карда мешавад.

Қаблан дар бораи ин ҳодиса хабаргузории “Интерфакс” аз қавли мақомоти Русия хабар дод, ки рӯзи якшанбеи севуми март як зани тоҷик дар маркази пойтахти Русия аз зарби корд ба ҳалокат расидааст. Ба қавли шоҳиди ҳодиса марде дар гардишгоҳи кӯчаи Орликов 5 ба бадани зан чанд бор бо корд мезанад. То расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ зан дар чойи ҳодиса аз ҷароҳати зиёд ҷон медиҳад.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар соли 2012 аз 1055 мавриди ба ҳалокат расидани муҳоҷирон, 88-тоаш куштор мебошад. Масъулини ин ниҳод бо такя ба таҳлилҳояшон мегӯянд, бисёри далелҳои куштори тоҷикон дар муҳоҷират аз тарафи худи шаҳрвандони Тоҷикистон содир мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!