Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

"Онҳо ... дар ғами хона ва мошинҳои "иномарка" мебошанд..."

6 март 2013, 10:25

Ду рисолаи то ҳанӯз нашрнашудаи Устод Тоҳири Абдуҷаббор бо кӯшиши рӯзноманигор Насибҷон Амонӣ ёфт гардидааст, ки якеаш дар ҳафтаномаи "Миллат" бо унвони "Чаро мо ақиб мондаем?" ба нашр расид. "Озодагон" тасмим гирифт, рисолаи дигари устоди равоншодро, ки "Ҷуръати донистанро дошта бош" ном дорад, пешкаши хонандагони гиромӣ намояд.

Оғозаш инҷост

…Имрӯз беш аз як миллион тоҷик ба хотири як пора нон дар мулкҳои бегона азоби ғурбатро мекашанд ва зулми афроди фурӯмояи он кишварҳоро таҳаммул мекунанд.

Ҳар сол 300 - 400 тобути тоҷикони бепаноҳро ба ватан меоранд, аксари мардуми кишвар бенавоянд, бачаҳои 5 - 10 сола дар бозорҳо аробакашӣ мекунанд, дар кишвар музд каму нархҳо баланд аст, обу барқу гоз намерасад, Тоҷикистон ба торикистон табдил шудааст ва...равшанфикрон аз ин ҳама нобасомониҳо ранҷ мебаранд. Вале бисёре аз ҳамватанон, аз ҷумла онҳое, ки "зиёйӣ" ҳисоб мешаванд, парвои ин чизҳоро надоранд. Онҳо бештар дар ғами маишати хеш, дар ғами хонаҳои муҷаллал, мошинҳои "иномарка" ва... мебошанд...

Чаро мо қишри равшанфикронро надорем? Чуноне ки дар боло зикр шуд, дар сарзамини мо инсонҳои равшандил, инсонҳои равшанбину равшанфикр ҳамеша буданду ҳастанд. Вале шумори онҳо зиёд набуд ва ҳоло ҳам зиёд нест. Аз ин рӯ, наметавон дар бораи қишри равшанфикрон ҳарф зад. Ақибмондагии иҷтимоию сиёсии ҷомеаи мо худ далели ин муддаост. Зеро кишваре, ки дорои қишри сершумори зиёиёну равшанфикрн бошад,ақиб намемонад. Ин нирӯи бузурги ақлонӣ муҳимтарин омили рушди илму техника, афкори иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аммо илму андеша дар ҷое рушд мекунад, ки хирадварзӣ ва ковишу ҷустуҷӯ дар масоили мухталифи зиндагии ҷомеа роиҷ бошад. Барои ин лозим аст, ки ҷомеа ва инсонҳо озод бошанд ва озодона ба кори фикрию эҷодӣ машғул шаванд. Ин, озодии инсонҳо, муҳимтарин шарти шаклгирӣ ва фаъолияти қишри равшанфикрон аст. Ин ҳақиқатест, ки аҳли маърифат борҳо бар он таъкид кардаанд.Донишмандони Руму Юнон, аз ҷумла Татсит ва Лонг қариб 2000 сол пеш гуфта буданд, ки "рушди маънавӣ танҳо дар шароити озодии сиёсӣ имконпазир аст".

Аммо дар сарзамини мо таи садаҳои зиёд ҷомеа ва мардум озод набуданд. Дар ин ҷо на озодии андешаю баён, балки истибдоди сиёсию фикрӣ ҳукмфармо буд. Ҳукуматҳои бегона, режимҳои истеъморию истибдодӣ ва идеологияи тоталитарӣ аз мардум тобеъияту бандагиро талаб мекарданд. Сиёсати ҳукуматҳо аксаран сиёсати хирадситезу илмкуш буд. Шароити ҳоким бар ҷомеа асорату тобеъиятро парвариш мекард, на озодандеширо.Системаи мактабу маориф ҳам хело маҳдуд буд ва ва дар сатҳи бисёр ибтидоӣ қарор дошт.Он асосан ба таълими усулу ақоиди мазҳабӣ машғул буд. Омӯзиши улуми табиӣ, сиёсӣ ва ҷомеашиносию фалсафа роиҷ набуд, балки ҳатто мамнӯъ буд. Афроди озодандеш матруд буданд, ҷояшон пушти милаҳои зиндон ё пои дор буд. Дар натиҷа, ҷомеа аз хирадварзӣ, аз таҳқиқу таҳлили масоили иҷтимоию сиёсӣ, аз ибтикору навоварӣ ба дур монда буд. Мардум ба ситоишу парастиши ҳокимону муқаддаснамоён одат карда буданд. Ва ин садди роҳи пешрафти илмию техникӣ ва сиёсию иҷтимоӣ гардида буд. Ин аст, ки дар тӯли садаҳои зиёд ҷомеаи мо ба мисли як мурдоб беҳаракат, бе тағйиру таҳаввул бар ҷой монда буд. Бадин сабаб, дар сарзамини мо афкори иҷтимоӣ, ба вижа дар бахши иқтисод, сиёсат, фалсафа, ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ рушд накард. Дар замони шӯравӣ низ, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгири системаи маориф ва ба вуҷуд омадани "интеллигенсияи илмию техникӣ...", афкори иҷтимоӣ, ба вижа афкори сиёсӣ дар кишвари мо рушд накард, зеро он (Иттиҳоди шӯравӣ) як давлати тоталитарӣ буд ва озодии андешаю баёнро таҳаммул намекард. Дар ҷое, ки идеология бар афкори мардум ҳоким ва илм тобеъи сиёсат бошад ва сиёсат ба дасти афроди чаласаводу фурӯмоя бошад, дар он ҷо пешрафт ҳам намешавад. Зеро дар чунин шароит қишри зиёйиён, ба вижа равшанфикрон зуҳур ва фаъолият намекунанд . Ин нуктаест, ки дурустии онро таърих борҳо исбот кардааст ва донишмандони зиёде бар он таъкид кардаанд. Барои мисол, райиси Фарҳангистони улуми ( Академияи фанҳои) Чин дар оғози солҳои 80 садаи гузашта, дар иртиботи ҷашни сисолагии Фарҳангистони улуми он кишвар, ба ин нукта ишора намуда гуфта буд, ки "натиҷаи фаъолияти олимони ҷомеашиноси Чин дар 30 соли гузашта баробари сифр (нол) буд. Зеро дар Чин илм тобеъи сиёсат ва зери бори идеоложии ҳоким буд. Ҳар ҷо ки чунин аст, илм пешрафт намекунад".

Чунин ҳолат, яъне тобеъияти илм ба сиёсат ва ҳукумати идеоложии тоталитарӣ бар ҷомеа, дар тӯли садаҳо бар кишвари мо хос будааст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо қишри равшанфикрон ҳанӯз шакл нагирифта аст. Имрӯз он чи ки мо аз "нерӯи ақлонӣ" дорем, ин қишри хеле камшумори зиёйиён ва шумори аз он ҳам камтари равшанфикрон аст. Ва он ҳам, бинобар ба ҳаводиси маълум ва иқтисоди нобасомони кишвар, паҳну парешон шудааст. Аз ин рӯ, таъсири чандоне ба зиндагии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа надоранд.

Ин аст натиҷаи он сиёсатҳое, ки таи садаҳои ахир ҳокимону идеологҳои худию бегона дар ин сарзамин амалӣ кардаанд. Имрӯз мо маҳсули он сиёсатҳоро мебинем ва, бояд эътироф кард, ки он чандон ризоиятбахш нест: дар ҷомеа ба ислоҳоти амиқу бунёдӣ пардохтаанд, вале бидуни таҳлилу баррасиҳои ҳамаҷониба, бидуни равшан сохтани ҷанбаҳои неку бади ислоҳот ва роҳҳои ҳалли масоилу мушкилоте, ки дар ин роҳ ногузир пеш омаданд ва пеш меоянд. Ин худ далели камбуди "нерӯҳои ақлонӣ" дар ҷомеа аст. Ва тасодуфӣ нест, ки ҷомеи мо ҳанӯз аҳли бовару тақлид ва таҷлил аст, на аҳли таҳқиқу таҳлил. Дар чунин шароит аз амали кӯркӯронаю муқаллидона ва иштибоҳот ҷои гурез нест...

Хуллас, фазои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии сарзамини мо барои рушду нумӯи равшанфикрию равшанфикрон мусоид набудааст. Ҳоло ки кишвари мо соҳибихтиёр аст, умед аст, ки он фазо мусоидтар шавад, нирӯҳои ақлонии ҷомеаи мо озодона фаъолият кунанд ва ба ҳалли мушкилоту пешрафти ҷомеа мусоидат намоянд.

26.04. 07. шаҳри Душанбе


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Насриддинов З.З.

  • 6 март 2013 14:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсона нависиро бас кунед, хубатараш нависед чи максад доред.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!