Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Вазъи истеҳсолии Тоҷикистон Шуморо нигарон намекунад?

6 март 2013, 10:45

Фирӯз САИДОВ, коршинос:

“Нигарон мекунад. Аз сабаби он ки мо ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО шомил шудем, бояд корхонаҳои истеҳсолии мо бо корхонаҳои хориҷӣ рақобатпазир бошанд. Намешавад, ки дар оянда корхонаҳои мо аз кор монанд, ба ғайр аз бахши энержӣ ва корхонаи алюмин. Баъзе корхонаҳои дигар давлатҳо ҳастанд, ки дар вилояти Суғд ҳастанд, шояд онҳо ҳам рақобатпазир бошанд. Ин воқеан мушкил аст, ки то чӣ дараҷа мо метавонем дар ин созмон устувор бошем. Намешавад, ки умуман маҳсулоти хориҷро ба дохили кишвар аз байн бурд. Ташвиши ман ин аст, ки то чӣ дараҷа мо метавонем фанновариҳои ҷадидро ба кишвар ворид созем. Ба ғайр аз ин, набудани кадрҳое, ки дар истеҳсолот кор карда тавонанд. Тавре мо медонем муҳоҷирони меҳнатии мо одатан дар бахши сохтмонӣ фаъолият доранд. Танҳо бо сохтмон наметавонем, сатҳи истеҳсолотро бардорем.”

Шарофиддин СИРОҶОВ, вакили парлумон:


“Тоҷикистон рӯ ба иқтисоди бозаргонӣ ниҳодаст. Яъне, ҳоло дар кишвари мо созишномаҳои байнидавлатӣ, ҳукуматӣ ва байналмилалӣ дар бахши иқтисод ва истеҳсол мавриди амал қарор гирифтаанд. Мо озод ҳастем. Як падидаи маъмулӣ аст, ки як давлат мушкилоти норасоии баъзе аз маҳсулотро бо роҳи воридоти молу колои хориҷӣ бартараф созад. Дар баъзе маврид мо аз молҳои онҳо истифода мекунем, дар баъзе маврид моли истеҳсоли Тоҷикистон ба берун интиқол меёбад. Барои таъминоти мардуми худамон новобаста аз хоҳиш мо молҳоро ах хориҷ ворид месозем.”

Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос:

“Мушкили аслӣ ин аст, ки истеҳсолотро бидуни фанновариҳои муосир рушд додан имконнопазир аст. Бубинед, ҳатто дар бозорҳои дохилии мо тамоми молҳои Тоҷикистон ба рақобат тоб оварда наметавонад. Чунки арзиши молҳои тоҷик аз арзиши молҳои воридоти зиёд фарқ мекунад. Дар натиҷа, мол ба савдо намеравад. Дар ҳолати ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳар роҳбари корхона бояд кордон бошад, бояд дониши олии касбии тавлидкунанда дошта бошад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!