Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:10

Нигаронии мақомоти рус аз кӯдакони бесаробони тоҷик

6 март 2013, 11:09

Мақомоти Русия мегӯянд, боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар фарзандони ноболиғи онҳоро бесаробон мондааст.

Светлана Агапитова,
масъули ҳуқуқи кӯдак дар Санкт Питербург, дар суҳбат бо хабаргузориҳои рус гуфтааст, тайи моҳи феврал, амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин шаҳр боиси он шудааст, ки ҳудуди 25 кӯдаки муҳоҷирини тоҷик бесаробон мондаанд: “Додани онҳо хонаи кӯдакон ба далели надоштани табаияти Русия ғайриимкон аст ва инчунин хориҷ кардани онҳо низ мумкин нест. Қонунгузории мо чӣ кор кардан бо фарзандони муҳоҷирони ғайриқонуниро муқаррар накардааст. Айни ҳол муваққатан аз 25 кӯдак қисмеашон дар хонаи кӯдакон ва боқимонда дар беморхона қарор доранд.”

Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдаки Русия гуфтаанд, барои ҳалли мушкили кӯдакони бесаробони тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардаанд, аммо аз он ҷо то ҳол ҷавобе нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!