Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:28

Беш аз 76.000 муштарӣ дар Душанбе соҳиби ҳисобкунакҳои обӣ мешаванд

4 июл 2011, 12:37

Бо назардошти татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи  обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад, тасмими ҷонибҳо оид ба тарҳрезии ҳамкориҳо барои марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур бо натиҷаи хуб анҷом пазируфт.



Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар мактуби худ  намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Қараев унвонии райиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор доштааст, ки шўрои директорони ӣҷроияи Ассосиатсияи Байнахалқии Рушд  маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи  обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанберо ба миқдори 10 миллиону 100 ҳазор доллар, ҳуқуқи  махсуси қарздиҳӣ - баробарарзиш ба 16 млн доллари ИМА ҳамчун грант ҷонибдорӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки тафоҳуми мазкур дар асоси истодагариҳои шаҳрдорӣ дар мулоқотҳои қаблӣ бо ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ самар додаанд ва навбати дуюми татбиқи лоиҳа тӯли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд.
Шавкат Сайидов ҳамзамон афзуд, марҳилаи дуюми лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар хоҳад гирифт.
{jathumbnail off}




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!