Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Баронессаи Бритониё: Вазъи зиндонҳои Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст

7 март 2013, 09:22

Баронесса Вивиен Стерн, узви порлумони Бритониё, дар пайи сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки вазъи муассисаҳои ислоҳӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфтааст.

Тавре аз сафорати Бритониё ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар давоми сафари худ, аз 4 то 6-уми март баронесса Стерн бо муовини вазири адлия, Изатулло Шарипов, муовини аввали вазири корҳои дохила, Нурулло Орипов ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Зариф Ализода мулоқот анҷом дод.

Дар рафти сафари худ боронесса Стерн дар чорабинии кушодашавии маркази бозомузӣ барои кормандони умури зиндон иштирок намудааст, аз тарафи сафорати Бритониё сармоягузорӣ шудааст. Инчунин, бо таклифи муовини вазири адлия Изатулло Шарипов, Стерн аз зиндони рақами 7 Душанбе боздид кардааст. Ба иттилои масъулини сафорати Бритониё дар Душанбе, хонум Стерн дар хотимаи сафари худ, изҳор доштааст: “Ин бори саввум аст, ки ман ба Тоҷикистон ташриф меорам, ва аз беҳбудиҳои бадаст овардаи ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи муасисоти ислоҳӣ хеле хушҳолам.”

Баронесса Стерн узви палатаи лордҳо ва узви кумитаи қонунгузории парлумони Британия мебошад. Ӯ аз соли 1989 то соли 2006 ҳамчун дабири кулли ташкилоти “Penal Reform International” адои вазифа намудааст. Қонуни ҷиноӣ, равобитҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон, рушди умумиҷаҳонӣ ва ислоҳоти муасисаҳои махсус аз доираҳои таваҷҷуҳи Баронесса Стерн арзёбӣ мешаванд. Стерн муаллифи якчанд китобҳо дар мавзӯи ислоҳоти муасисаҳои махсус мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • укеукекуеукеуы

  • 10 март 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хола мегум дар кисаат ягонсум андохтай чи ита пуштибони кадести,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!