Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Дар Кӯлоб оши хайрия дода шуд

7 май 2011, 07:20

Дар Кӯлоб ба хотираи рӯҳи шаҳидони аз сел ба ҳалокат расида ва солгарди қазияи мудҳиши ба сари мардуми ин шаҳр расида, оши хайрия дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи ҳафтуми май дар  шаш минтақаи барои офатзадагони сели баҳории соли гузашта, ки бехонаву дар монда буданд, оши хайрия дод. Дар ин маросим масъулини ҳукумати шаҳр иштирок намуда, барои иллатрасидагон боз ҳам изҳори тасаллият намуданд. Чанд тан аз домуллоҳои шаҳр ба хотири шаҳидони ин офат аз сураҳои Қуръони Карим қироат карданд.

Ёдовар мешавем, ки расо як сол қабл аз ин, дар пайи селфароӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, тибқи иттилои расмӣ 13-нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600-хонаи зисти одамон вайрону валангор гашта буд. Бо қарори ҳукумати кишвар    дар шаш қитъаи нав барои бесарпаноҳмондагони офати табиӣ 615 манзили иқоматӣ бунёд гардида, ба соҳибонашон супорида шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!