Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Бурду бохти мубориза бо СИЛ дар Бадахшон

7 март 2013, 16:23

Қурбон АЛАМШОЕВ, махсус барои «Озодагон»,
шаҳри Хоруғ.

Чӣ тавр Мародмаҳмад сироят ёфт?

Ҳудуди шаш моҳ аст, ки Мародмаҳмад дар шифохонаи маркази муборизаи зидди бемории сили шаҳри Хоруғ мавриди муолиҷа қарор гирифтааст. Вай мегӯяд, «ҳоло вазъи ман нисбат ба он шаш моҳи пеш ба маротиб беҳтар аст ва худро акнун озод ҳис мекунам ва сабуктар нафас мекашам.
Ман чӣ тавр ба ин дард гирифтор шуданамро намедонистам. Вақте пизишкон вазъи баданамро санҷида ба ман гуфтанд, ки ба бемории сил гирифтор шудаӣ, ростӣ ҳуш аз сарам парид. Ман ҳеч бовар намекардам, ки гирифтор шудан ба ин беморӣ ин қадар “осон” будааст».

Тавре Мародмаҳмад ҳикоят кард, ба ин дард дар Русия, замони дар Маскав қарор доштан гирифтор шудааст: «Дар як тарабхонаи қафқозӣ кор мекардам ва барои будубош ва ғизо шароити хубе доштам. Вале қабл аз бозгашт ба Тоҷикистон ман ба хабаргирии амакбачаам, ки дар Подмоскове мезист, рафтам. Амакбачаам ҳамроҳ бо дувоздаҳ нафар ҳамватанони мо дар таҳхонае зиндагӣ мекарданд. Ман дар пеши онҳо ҳамагӣ ду соат мондам. Дар ин лаҳзаи кӯтоҳ аллакай сироят ёфтаам. Вақте ба хона расидам, ба сулфидан сар кардам ва дамам зуд-зуд ба дарун мерафт. Хайрият, духтурон сари вақт дардамро ифшо карданд».

Тавре духтури силшиноси беморхонаи сили шаҳри Хоруғ, Зайнура Ҷонмирзоева иттилоъ дод, анқариб онҳо шаш нафар узви як хонводаро аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Шуғнон баъди муолиҷаи муваффақона ба хонаашон ҷавоб додаанд. Яке аз аъзои ин хонавода, ки низ дар Русия мубталои бемории сил шуда ба Ватан баргаштааст, барои нафаҳмидани аломатҳои беморӣ ва муроҷиат накардан ба табибони касбӣ тақрибан ҳамаи аъзои оилаашро мубтало ба ин касалӣ карда будааст.

ВАЗЪ ҲАМОНО БЕТАҒЙИР АСТ

Тибқи ҳисоботи хизматрасонии Маркази муборизаи зидди бемории сили ВМКБ дар соли 2012 шумори афроди мубталои сил дар вилоят ба хусус дар навоеҳи Ишкошим Ванҷ, Роштқалъа ва ҳамчунин шаҳри Хоруғ ба маротиб афзуда дар ноҳияҳои дигари вилоят тақрибан дар ҳамон вазъ боқӣ мондааст. Агар дар соли 2011 дар ноҳияи Ишкошим 34 нафар мубталои сил ифшо шуда бошад, имсол теъдоди чунин беморон ба 47 расидааст. Дар шаҳри Хоруғ- маркази вилоят шумори имсолаи беморони сил нисбати соли гузашта 6 нафар зиёдтар аст. Тибқи ҳисоботи марказ шумораи мубталоёни сил дар видоят дар соли 2012 243 нафарро ташкил карда нисбати соле пеш ҳамагӣ 18 нафар камтар аст. Вале тавре сардухтури Маркази муборизаи зидди бемории сил дар вилояти Бадахшон, Маҳзур Меҳтаршоев иброз дошт, вазъи бемори сил дар қаламрави вилоят вахим аст ва ба таваҷҷуҳи хосса ниёз дорад. Ба андешаи ин манбаъ шумори беморон шояд ба маротиб беш бошад. Чаро ки маркази вилояти ҳанӯз на ба ҳамаи деҳоти дурдаст дастрасӣ дорад. Тавре сарпизишк Меҳтаршоев гуфт имконоти феълии фанниву иттилоотии марказ имкон намедиҳад, то тамоми қаламрави вилоят зери назари ҷиддӣ қарор дошта бошад.

МУТОБИҚГАШТАҲО ЗИЁДАНД, ВАЛЕ МО НАМЕДОНЕМ

Яке аз мушкилоти аслии бемории сил дар бештари мамолики ҷаҳони имрӯза ин вуҷуди афроде аст, ки баданашон ба бемории сил мутобиқ шудааст. Тавре мутахассисони арсаи мубориза зидди сил ташреҳ медиҳанд «бемории сили шакли мутобиқгашта беморие мебошад, ки дар он чӯбчамикробҳои сил ба доруҳои пуртаъсиртарини зиддисилӣ низ тобовар шуда дигар чунин доруҳо ба ҷисмашон таъсир намекунад. Сабаби аслии мутобиқшавии бадании инсон аз ҷониби бемор худсарона қатъ кардани муолиҷаи сил аст. Чунин беморон ба қавле «кони чӯбчамикробҳо» буда, ҳар атсаи онҳо метавонад чандин касро ба дарди сил сироят кунад.

Оё дар вилоят чунин беморон ҳастанд?

-Алъон мо танҳо даҳ касро, ки мубталои шакли мутобиқгаштаи сил ҳастанд, ифшо карда ба муолиҷа ҷалб кардаем, - мегӯяд сардухтури маркази бемории сил Маҳзур Меҳтаршоев. -Вале ман итминони комил дорам, ки теъдоди онҳо ба маротиб зиёдтар аст. Зеро имконоти мавҷудаи муолиҷавӣ, кадрӣ, техникӣ ба мо роҳ намедиҳанд, то ба манотиқи дурдасттарин низ дастрасӣ дошта бошем. Мутахассисони силшинос мегӯянд, муолиҷаи шакли мутобиқгашта хеле гарон буда, соле барои як нафар ҳудуди 7 ҳазор доллар харҳпулӣ тақозо мекунад.

Дар сартосари Тоҷикистон ҳудуди чанд сол аст, ки барномаи ДОТС+ (Муолиҷаи кӯтоҳмуддат зери назорати бевоситаи пизишкон) амал карда истодааст. Ин тарҳ ҳамакнун дар 70 дарсади қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Ҳадафи ин тарҳ ба муолиҷа ҷалб кардани афроде, мебошад, ки мутобиқшудаи бемории сил ҳастанд. Тавре оморҳои ахири Вазорати тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳанд, натиҷаи ин тарҳ хеле хуб аст.

Аммо дар қаламрави Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки аз дурдасттарин ва аз нигоҳи иқтисодӣ қашшоқтарин минтақаи Тоҷикистон буда, теъдоди мубталоёни сил ба ҳисоби дарсад дар ин ҷо хеле зиёд аст, ин барнома бо сабабҳои номаълуме то ҳанӯз татбиқ нашудааст. Вале посухи сардори Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи сил Уктам Бобохоҷаев қонеъкунанда буд. Тавре ӯ ба саволи мо ҷавоб дод, «қарор аст, аз нимаи дуввуми соли равон ин тарҳ дар қаламрави ВМКБ низ роҳандозӣ шавад». Акнун вақт нишон медиҳад, ки то куҷо ин барнома татбиқи худашро дар вилоят хоҳад ёфт?

ЧАРО СОХТМОНИ БИНОИ НАВ ТАЪХИР КАРД?

Бурду бохти мубориза бо СИЛ дар БадахшонПизишки ҷавони марказ Зайнура Ҷонмирзоева моро хилъати сафед ва ниқоб (маска) пӯшонда, ба яке аз утоқҳои муолиҷа (палата) бурд. Ростӣ, ки дар мавриди шароити маризони маркази сили Хоруғ наметавон вазъи онро ситоиш кард. Дар ҳар панҷ утоқи мавҷудаи марказ аз 6 то 8 нафар мариз мезиянд. Тибғи муқаррароти роҳнамои мубориза бар зидди сил ин амал акси ҳар гунна қавонини муборизоти зиддиисилӣ аст. -Вале мо дар ҳоли ҳозир дигар шароит надорем, - мегӯяд сардухтур Маҳзур Меҳтаршоев. Феълан 45 нафар табобатшавандаро дар чунин вазъ табобат карда истодаем.Мо маҷбурем,баъзан аъзоёни як хонаводаро бо афроди дигар ҳамроҳ дар як палата нигоҳ дорем, ҳарчанд ин ба табъи маризон намефорад. Бинои хурди дуошёнаи марказ, ки тақрибан панҷоҳ соле қабл сохта шуда буд, ҳамакнун наметавонад талаботи ҳозираро қонеъ созад. Соли 2011 бо беш аз 900.000 доллари амрикоӣ кӯмакпулии Барномаи рушди СММ ва Фонди Глобалӣ дар ҳудуди Марказ ширкати хусусии маҳаллии ҶДММ «Интеграл» сохтмони бинои наву замонавии дуошёнаи марказро оғоз карда, мебоист онро моҳи сентябри соли 2012 ба итмом мерасонд. Аммо бино қад рост карду ба қавле дар нимароҳ бозистод. Сардори ширкат Шанбе Шамсиддинов мегӯяд, ки сабаби аслии ба таъхир афтодани сохтмони бинои шифохона ин вуқӯи воқеоти маълум дар тобистони соли гузашта дар шаҳри Хоруғ буд, ки идомаи сохтмонро имконнопазир кард. Ҳоло ин ширкат ӯҳдадор шудааст, ки то моҳи майи соли равон биноро комилан мавриди истифодабарӣ қарор диҳад.

ДАСТУПОБАСТАГИ ДАР ҚИБОЛИ СИЛ

Ба ақидаи бисёре аз силшиносони вилоят барои муайян кардаи теъдоди дурусти мубталоёни ин беморӣ дар қаламрави вилоят зарур аст, ки тамоми деҳоти ин вилоят аз зери назар ё мониторинги мутахассисон гузаранд. Дар ҳоли ҳозир чунин шароити техникиву молиявӣ дар марказ вуҷуд надорад. -Мушкили аслии мо, -мегӯяд сардухтур Меҳтаршоев,- ин набудани дастгоҳи сайёри флюографӣ аст. Мошине, ки мо дорем, хеле кӯҳна буда, ба талаботи замона ҷавобгӯ нест ва дар ҳолати хароби техникӣ қарор дорад.

Сардухтур Меҳтаршоев афзуд, дар ҳоли ҳозир марказ дар чаҳорчӯби «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ» аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» тавассути созмонҳои байналмиллалӣ, Фонди глобалӣ, ХОУП, Бунёди Оғохон барои ба эътидол овардани вазъи мубориза алайҳи касалии сил баҳри беҳсозии вазъи техникӣ ва кадрӣ, шароити моддии муолиҷашавандагон кӯмаки муассире гирифтааст. Ба хусус вилоят ҳамакнун соҳиби 9 микроскопи бинокулярӣ аст, ки барои муаяйян кардани касалии сил хеле созгоранд. Вале дар ВМКБ ҳанӯз аппарати кишти балғам вуҷуд надорад. Ба ин сабаб, то таъини ташхиси мариз вақти зиёде меравад. Ба гуфтаи Меҳтаршоев дар ҳоли ҳозир марказ бештар аз ҳама ба аппарати GN-эксперт эҳтиёҷ дорад. Вай мегӯяд дар навоеҳи Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб пизишкони ҳирафаӣ намерасанд. Ба хусус ноҳияи дуруфтодаи Роштқалъа дар арсаи мубориза ба муқобили сил аз оддитарин шароити моддиву техникӣ бархӯрдор нест.

БЕПАРВО+ АЗ БЕИТТИЛОЪ+ Ё ЧАРО МАРОДМАҲМАД СИРОЯТ ЁФТ?

Менеҷери барномаи тандурустии Хазинаи Оғохон дар Бадахшон Гулдарбоғ Саъдоншоева мегӯяд, «як иллати аслии мубтало шудан ба сил аз ҷониби афроди алоҳида ин беиттилоотии онҳо дар бораи ин касалӣ аст».
Вай афзуд, барномаи тандурустии ин хазина дар Тоҷикистон дар тӯли се сол бо кӯмаки молии Фонди Глобалӣ дар қаламрави вилоят як идда семинорҳо ё машғулиятҳои омӯзишӣ доир карда аз байни сокинони нуқоти дурдасти вилоят волонтерҳо ё ризокоронро омӯзиш дод, ки акнун метавонанд зуҳури сил дар байни мардумро ифшо кунанд. Ин гуна ризокорон ҳамчунин дар байни мардум дар бораи нишонаҳои сил, роҳҳои мубориза алайҳи он машғулиятҳои амалҷ доир мекунанд. Ин барнома ҳамчунин роликҳои вижа омода карда аз тариқи телевизиони маҳаллӣ ба аҳолӣ нишон додааст.
Хонум Саъдоншоева афзуд «аз нимаи дуввуми соли равон тавассути кӯмакпулии Фонди Глобалӣ ин барнома боз эҳё хоҳад шуд.» Воқеан ҳам ба гуфтаи бисёре аз коршиноон яке аз наҳваҳои аслии мубориза алайҳи сил ин муталеъ сохтани мардум аз нишонаи бурузи ин дарди дақшатнок аст.
Агар Мародмаҳмад – як маризи шифохонаи сили Хоруғ низ ин хабарҳоро медошт, магар бемор мешуд?

МУШКИЛЕ, КИ БОЯД ДУР ШУД

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қаламрави Тоҷикистон аз қашшоқтарин манотиқ маҳсуб мешавад. Бино ба омори ғайрирасмӣ мизони бекорӣ дар ин минтақа бештар аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ аст. Тибқи омори ғайрирасмӣ аз ҷумлаи 218.000 аҳолии ин вилоят ҳудуди 80 ҳазор афроди қобили кор дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд дар муҳоҷирати корианд. Коршиноси маҳаллӣ мегўянд иқлими номусоид, хеле баланд будан аз сатҳи баҳр, заминҳои санглох ва камҳосил, гаронии чандинкарати тамоми нархҳо дар нисбати дигар минтақаҳо аз далоил дигари афзоиши амрози иҷтимоӣ назири сил дар Бадахшонанд.

Тавре дар раёсати беҳдошти мақомоти ҳукуматии Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, маризони сил бо пули давлат ва кӯмаки созмонҳои имдодрасон бо доруҳои вижаи зиддисилӣ ба таври ройгон тадовӣ шуда ҳамчунин муддате бо миқдори ғазоҳои муқаввӣ таъмин мешаванд, вале мушкил ё проблемаи сил ҳамоно боқӣ мемонад…


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!