Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Душанбе пуштибонӣ аз "наркобарон"-ҳоро “дурӯғу иғво” номид

7 март 2013, 16:50

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти муфаттиши рус дар мавриди пуштибонии мақомоти тоҷик аз Атобек Гулмамадовро, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад, “дурӯғ ва иғвоангез” хонд.

Ин ниҳод бо пахши изҳороти расмӣ эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Атобек Гулмамадов, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад, ба Дубай ягон хел нота ва дархости хаттӣ ё шифоҳӣ ирсол накардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон – волидони Гулмамадов, танҳо сафорати Тоҷикистон дар Абу Дабӣ бо ирсоли нома аз мақомоти Дубай хоҳиш кардааст, ки дар бораи сабабҳои боздошт ва ҷойи нигоҳдории Гулмамадов иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷӣ, он иттилое, ки муфаттиши рус, Ренат Курамшин, аз телевизиони ин кишвар эълон кард, дар нота инъикос наёфтааст.

Ренат Курамшин, масъули Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия, бегоҳи 5-уми март, зимни баромадаш дар барномаи телевизиони “Русия-1” мақомоти Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз Атобек Гулмамадов, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Дубай боздошт шуда буд, айбдор кард. Курамшин гуфт, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Гулмамадов ба Русия ба мақомоти Дубай нота фиристодааст: “Дар нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тақрибан омадааст, ки Гулмамадовро дар Русия шиканҷа, таъқиби беасоси ҷиноӣ ва ғасби амвол интизор аст.”

Курамшин ин дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро далели он донистааст, ки созмонҳои калони ҷиноӣ ва нашъаҷаллобоне амсоли Гулмамадов дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳо доранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зидди маводи мухаддир, собит шудааст, Гулмамадов узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухаддир аст ва шахсан интиқоли тақрибан 400 кило ҳероинро ба Русия роҳбарӣ кардааст.

Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Акнун дар сурати исботи гуноҳҳои пешгузоштаи мақомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар ҳабси абад интизор аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!