Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Иқтидори ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари Осиёи Марказӣ боло меравад

5 июл 2011, 03:36

«Ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё пас аз офат».


Ноҳияи Варзоб шурӯъ аз имрӯз то нӯҳуми июли соли равон мизбони давраи омӯзишӣ бо ин унвон хоҳад буд. Ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ боло бурдани иқтидори маҷмӯъии Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти ироаи паноҳгоҳ ва эҳё пас аз офат мебошад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Абдуфаттоҳ Шафиев, ҳамоҳангсози барномаҳои мазкур дар Салиби Сурхи Тоҷикистон иттилоъ дод, ин чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) муштаракан бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор шуда, он дар чаҳорчӯбаи барномаи ДИПЕКО VI аз ҷониби ёрирасонҳои ФБҶ СС ва ҲА пуштибонии молӣ мебинад. Дар давраи омӯзишии мазкур тақрибан бист узви гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) аз ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ҳамчунин, Салиби Сурхи Маҷористон иштирок мекунанд.

Эрик Мишел-Селлиер, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, интизории нахустин аз давраи омӯзишии мазкур ин аст, ки иштирокдорони он дар маҳалли фаъолияти худ дар ҳолати изтирорӣ тавонанд ба зудӣ масъалаи ироаи паноҳгоҳи муваққатӣ ва эҳёи аввалияро бо истифода аз имконоти маҳаллии вокуниш роҳандозӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, тайёрии махсуси аъзои Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) дар ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё «ҳамчунин, иқтидори ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар масъалаи вокуниши саривақтӣ ва муассир ба офатҳои табиӣ боло мебарад».{jathumbnail off}

Шамсиддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози минтақавии ФБҶ СС ва ҲА дар масъалаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ, илова мекунад, ин давраи махсуси панҷрӯза ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то аз раванди комил ва аҳамияти ироаи саривақтии паноҳгоҳи муваққатӣ огоҳ бишаванд. Ба қавли ҷаноби Муҳиддинов, иштирокдорон асосҳои харитасозӣ ва таҳлили вазъ дар ҳолати изтирорӣ ( EMMA – Emergency Market Mapping Analysis)-ро омӯхта, бо усулу қоидаҳои гуногуни оғози фаъолиятҳо дар самти эҳёи аввалия пас аз офат шинос хоҳанд шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!