Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Резиши барф, фурудгоҳ ва тағйирот дар ҷадвали парвозҳо

9 март 2013, 10:34

Барфрезии шадид дар Душанбе фурудгоҳи байналмилалиро маҷбур кардааст, то ҷадвали парвозҳоро тағйир бидиҳад. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ, 9-уми март ба «Озодагон» гуфт, ҳоло дар парвози ҳавопаймоҳо ҳеч мушкиле нест ва гусел ва қабули ҳавопаймоҳо аз рӯйи ҷадвал сурат мегирад.

«Ҳавопаймоҳое, ки дар майдони захиравӣ буданд, бо навбат аз рӯйи масири мавриди назар ҳаракат мекунанд. Танҳо дар вақти ҷадвали парвозҳо каме тағйирот ворид шудааст»,-гуфт мусоҳиби мо.

Номбурда афзуд, парвози хатсайрҳое, ки қаблан бо далели резиши барф мутавақкиф шуда буданд, амалӣ мешаванд. Бино ба иттилои торнамои расмии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, имрӯз дар назар аст, аз шаҳрҳои Бишкек, Хуҷанд, Хоруғ, Алмаато, Маскав ва Екатеренбург ҳавопаймоҳо ба пойтахти Тоҷикистон фуруд биёянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!