Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

Гулнора Каримова аз курсии падар бенасиб мемонад?

9 март 2013, 11:30

Нашрияи «Financial Times»-и Бритониё менависад, эҳтимол Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ҷойгузини падар мешавад.

«Financial Times» ба қазияи ду ширкати сармоягузори хориҷӣ дар Узбакистон мурур кардааст, ки номи духтари президентро низ ба чолиш кашид. Гап сари ширкати таъминкунандаи алоқаи мобилии «МТС»-и Русия ва ширкати мухобиротии «TeliaSonera»-и марбут ба ҳукуматҳои Шветсия ва Финландия меравад. Ин қазия сабаб шуд, ки мақомоти Шветсия ва Шветсария ба тафтиши иттиҳомоти пулшуӣ шурӯъ карданд ва исми чанд нафари наздик ба Гулнора Каримова ошкор шуд. Зимнан, садҳо миллион доллар дар ҳисобҳои бонкии Шветсария баста гардид.

«Financial Times» менависад, ин қазияҳо метавонад ба ояндаи сиёсии Узбакистон таъсири манфӣ бирасонад: «Узбакистон бо вуҷуди муносибатҳои начандон ҳамвор бо Амрико яке аз шарикони он дар Осиёи Марказӣ мебошад. Вазъи саломатии Каримови 75 сола нигаронкунанда аст ва бештари таҳлилгарон муътақиданд, ки духтар ва шариконаш яке аз муддаиёни аслии курсии президентӣ баъд аз марги вай мешаванд. Аммо қазияи МТС ва «TeliaSonera» аллакай дар расонаҳои Узбакистон ҳам паҳн шуд ва одамоне, ки Гулнора Каримоваро мешиносанд, мегӯянд, он ҳам ба тиҷорат ва ҳам умеди гирифтани курсии падар халал мерасонад.»

Нашрияи чопи Бритониё аз нақли як ҳамкори собиқи Гулнора навишта, ки вай ҳар гоҳ барои зери тасарруфи худ даровардани ширкате иқдом кунад, ба иштибоҳ роҳ дода, ангуштнамо мешавад. Дар чунин ҳолат пуштибонии ӯ аз сӯйи мақомоти Узбакистон душвор мегардад.

-Идораи Узбакистон кайҳост кори оилавӣ шудааст. Тиҷоратро дар кишвар элитаи хурди марбут ба хонаводаи президент зери назорат дорад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳамеша аз таъқиби мақомот шикоят мекунанд,-афзудааст нашрия.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз вокеият дур рафтан даркор нест. Дар ЧТ чи?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!