Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

“Профессия -- мигрант” (Касб -- муҳоҷири корӣ)

9 март 2013, 11:46

Рустам МАҶИДОВ

Дар як таҳқиқот миёни хонандагони мактабҳо аксарият, ҳудуди 70 фисади пурсидашудагон, гуфтаанд, дар оянда мехоҳанд “россиян” шаванд. Дар Тоҷикистон бо ин ном нафаронеро мешиносанд, ки манбаи аслии даромадашон кор дар Русия аст.

"РОССИЯН"

Дар ҳақиқат, бештари хонандагони мактаб тасаввур ҳам намекунанд, ки дар Ватан ба чӣ роҳ пул ба даст оранд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони корӣ пас аз бозгашт аз Русия мошин мехаранду хона месозанд. Бинобар ҳамин, баъзеҳо ҳатто мактабу хонаи падарашонро тарк намуда, озими Русия ва дигар мамолики дуру наздик мешаванд.

Далер, як ҳамсӯҳбати мо, вақте ба Русия рафт, ки дар синфи нуҳум таҳсил мекард. Дар он замон язнааш алакай соли чаҳорум дар як ноҳияи наздики Маскав кор мекард. «Соли аввал мо дар як сохтмон кор мекардем. Вақте ман ба он ҷо расидам, алакай боми хонаро месохтанд. Шукри Худо, ман писари калонҷусса ва бақувватаму аз дастам чунин корҳо меояд. Бинобар ҳамин, аз аввал корам хуб буду дастмузди хуб доштам. Аммо чунин ҳолат то охири тирамоҳ давом кард”, -нақл мекунад ӯ.

Ӯ сӯҳбаташро идома дод, «вақте пули корамро гирифтам , ёд дорам, 850 доллар буд – хостам қариб ҳамаашро ба хона равон кунам. Аммо маро аз ин кор боздоштанд. Хуб ҳам карданд, чун то моҳи апрели соли оянда барои зиндагӣ дигар чизе надоштам.» Охири тирамоҳ Далер ва “ҳамкоронаш” он хонаро ба итмом расонданду дар айёми сармо дигар коре надоштанд. Чун дар зимистон аз рӯи талабот сохтмони бузург маслиҳат дода намешавад.

"БАРОИ ЧОЙИ ХУШК ПУЛ НАДОШТАМ"

-«Зимистон ба ҳар роҳе, ки метавонистем рӯз мегузарондем: барои пардохти якдафъаина роҳҳоро аз барф тоза мекардем, ҳезум мешикастем, ба шахсони гуногун дар корхояшон кумак мекардем... аммо чунин кор на ҳар рӯз буд. Бештари вақтамонро дар хона мегузарондем ва ба хеҷ ҷо намебаромадем. Чун пулу либоси гарм надоштем. Ҷои рафтан ҳам набуд. Миёни 12 нафар, ки бо ҳам дар як хона будем, фақат се кас кор мекарданд: ду нафар раҳрӯб ва як нафар дар қабристон. Асосан ҳамонҳо моро мехӯронданд. Баъзан рӯзҳое мешуд, ки 2-3 рӯз чизи хӯрдан надоштем. Оби оддӣ менӯшидем, чун имкони чои хушк гирифтан низ надоштем».

«Ин ҳаёти оддии муҳоҷири меҳнатии мавсимӣ (ба қавле «сезонний») дар Русия аст», - мегӯяд Маҳмудбег, як муҳоҷири «ботаҷриба». – «Мо, калонсолон, одат кардаем. Аммо барои ҷавонон, ба хусус наврасон, дилам месӯзад. Ҳайф аст, онҳо, ки як гулашон нашукуфтааст, бояд аробаи зиндагӣ кашанду ояндаи худ ва миллатро зери ин бор дар хатар гузоранд. Инҳо ҳоло бояд аз ҷавонии худ лаззат баранд, аммо онро қурбон мекунанд. То ҷое онҳоро фаҳмидан мумкин аст: роҳи дигар барои зинда мондан надоранд...»

Далер соли сеюми ҳаёташ дар Русияро бо лабханд ба ёд меорад. Он вақт ӯ дар сехи коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба ҳайси посбони дуюм ба кор даромад. «Ин соле буд, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад. Бовар мекунед, ҳамон вақт ман аз гӯшт безор шуда будам! Субҳонаю наҳорию шомамон ҳасиб ва гоҳо гӯшт буд... инро дар Ватан ҳатто дар хоби ширинам намедидам», - нақл мекунад Далер. – «Барои ҳамватанони мо чунин хушбахтӣ кам даст медиҳад. Он замон ман бори аввал имкони бо духтаре шинос шудан пайдо намудам. Ҳатто ба падарам барои хариди мошин ва таъмири хона пул равон кардам!»

МУҲОҶИРАТ ВА ХУДШИНОСӢ

Чунин ҳаёт якуним сол давом кард. Далер метавонист ба ҳамон минвол идома диҳад, аммо меҳри Ватан, оила ва наздикон боло гирифту пас аз чаруним соли дурӣ ба хабаргирии онҳо ба Тоҷикистон омад. Ду моҳ бо аҳли оилааш монд. Ҳамин тавр, ӯ ҳам ҷои кораш, ҳам он духтар ва ҳам макони зисташро аз даст дод – ӯро дубора қабул накарданд.

- «Барои мактабхонон лозим нест ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд», - мегӯяд Нодира Зокирова, муаллимаи як мактаби пойтахт. – «Дар ҷумҳурӣ марказҳои махсуси омӯзишӣ ҳастанд ва наврасон метавонанд дар онҳо касбу ҳунар омӯзанд ва дар оянда дар Ватан, назди хешону наздиконашон, машғули ягон кор шаванд. Ғайр аз ин, мо Қонун дар бораи масъулияти падару модар дорем, ки мувофиқи он волидайн муваззафанд кӯдаконашонро таъмин намоянд ва ҳамчун шаҳрвандони баору номуси кишвар ба воя расонанд.» Аммо муаллима натавонист бигӯяд, ки чунин маҳфилҳо дар навоҳии дурдаст то куҷо ба наврасон дастрасанд.

Раҳим, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, агар пул набошад, маълумоту дониш лозим ҳам намешавад. «Дар куҷо ба кор медароям? Кӣ ба ман маоши хуб медиҳад? Дар Тоҷикистон – дар ҳеч ҷо. Тӯли муддате, ки ман дар ягон қо таҳсил мекунам, маро кӣ мехӯронаду мепӯшонад? Бештар аз ин, устоде беҳтар аз таҷриба ёфта намешавад!» Раҳим имсол бояд ба синфи ёздаҳ мегузашт, аммо мактабро тарк намуда бо бародари калонаш ба Самара рафт.

ОДИНАҲО ВА ЯК ДОЛЛАРИ ХОЛАИ ФАРИДА

Дар як нишаст Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва мутафаккири тоҷик, гуфт: «Аз замони Садриддин Айнӣ ва «Одина»-и ӯ бештар аз сад сол гузашта аст. Аммо ҷомеаи мо як қадам ба пеш наниҳод. Танҳо як фарқ ҳаст: Одинаҳо дар Русия заҳмат мекашанду Арбоб Камолҳо дар Ватан роҳат мекунанд».

«Суҳроб як доллар равон кард!» – бо шодӣ мегӯяд холаи Фарида. Дар деҳаи онҳо, «як доллар» маънии як пули 100-доллараро дорад. – «Ӯ ҷои кори хуб дорад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ҷои нағз ёфтааст, даромадаш ҳам хуб аст. Ҳатто зимистон ӯ ба мо бо интиқоли маблағи коркардааш ёрдам мекунад». Оилаи холаи Фарида калон аст. Бинобарин, модар, ки фарзандонашро танҳо ба воя расонда аст, мехоҳад писари дуюмашро, ки фарзанди сеюм ба ҳисоб меравад, назди акааш ба Петербург равон кунад. «Апааш духтари калон, паи шавҳар шудагӣ. Бояд тӯй кунем, лекин пул надорем. Бигзор Фаридун ҳам равад, кор кунад. Мактаб бошад, намегурезад. Ҳеч нашуд, ба мактаби шабона мемонем, ҳуҷҷаташро мегирем»,-илова намуд ӯ.

Мувофиқи маълумот, шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз 800 ҳазор то 1.2 миллион нафар аст. Аммо омори ғайрирасмӣ шумораи калонтар дар ҳудуди 2 миллионро меоранд. Наздики 90 фисадашон дар Русия ҳастанд. «Мувофиқи маълумоти расмӣ бештар аз 50 ҳазор нафар кӯдакону наврасони синни 10 то 17-сола дар Русия мебошанд. Мушкил сари он аст, ки тақдири онҳо на аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирату на намояндагии консулии Тоҷикистон пайгирӣ намешавад. Кӯдакони зиёди 13 то 17-сола дар Федератсияи Русия ба кашондани борҳо, фурӯши молҳои хурд ба монанди маҳсулоти нонӣ ва ғайра машғуланд. Ҳамчунин, гоҳо дар майдонҳои сохтмонӣ низ онҳоро дидан мумкин. Масалан, бародари ман, ки тӯли чор сол дар муҳоҷират аст, нақл мекунад ки танҳо дар як майдони сохтмонӣ 10-15 нафар наврасони 16-17 -соларо дидан мумкин аст. Онҳо бештар аз 10 соат дар рӯз кор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир на ҷониби давлат, на созмонҳои ҷамъиятӣ ё байналхалқӣ бо ин мушкил кор намекунанд. Меҳнати кӯдакон аз ҷониби корфармоёни Русия зиёд истифода мешаванд. Бояд гуфт, ҳамаи онҳо статуси ғайриқонунӣ дошта, бо падар, бародари калонсол ё наздикони дигарашон кор мекунанд» - мегӯяд Шуҳрат Латифов, менеҷери лоиҳаи минтақавии созмони «MHAIDS».

МУҲОҶИРАТИ КӮДАКОН

Ба қавли ҳуқуқшинос Азалхон Алимов, муҳоҷирати кӯдакон бо як қатор қонунҳои миллӣ ва байналхалқӣ идора мешавад. «Аз ҷумлаи муҳимтарин қавонини соҳа, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Пакт оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия оиди ҳуқуқҳои иқтисодию фарҳангӣ, Сарқонун ва қонунҳои марбутаи мамолики гуногун аст. Аз он ҷумла, онҳо озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зистро кафолат медиҳанд. Дар хусуси кӯдакон бошад, қонун талаб мекунад, то онҳо бо волидайн ё шахсони ивазкунандаи онҳо зиндагӣ кунанд. Вақте кӯдак бо яке аз волидонаш ба хориҷи кишвар меравад, бояд аз волиди дуюм иҷозаи марбут ва боваринома ба номи аввалӣ дода шавад. Агар бо ягон нафари дигар сафар кунад, ҳамин ҳуҷҷатҳо аз ҳарду волидон талабкарда мешавад. Албатта, ҳама ҳуҷҷатҳо бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.»

Аммо бештари кӯдакони муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия бидуни волидайнашон кор мекунанд. Мувофиқи қонун, на ҷониби Тоҷикистону на Русия наметавонанд бидуни ҳуҷҷатҳои нишондодашуда кӯдаконро аз сарҳад гузаронанд. «Дар хусуси кори кӯдакону наврасон дар Русия фақат гуфта метавонам, ки мувофиқи қонун ва шартномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар хусуси фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ҳеҷ каси ҷавонтар аз 18-сола наметавонад иҷозатномаи корро дошта бошад», - илова намуд Алимов.

Орипов Мансурхон, сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон оиди муносиботи байналхалқӣ суханони Алимовро дар хусуси он, ки шаҳрвандон то синни 18 танҳо бо волидайн метавонанд сарҳади давлатиро убур кунанд, дастгирӣ мекунад. «Кӯдакону наврасон ҳақ надоранд дар мамолики қабулкунанда ба фаъолияти корӣ машғул шаванд ва дар сурати вайрон намудани қонуни марбута ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд». Ба қавли Орипов, наврасон ва ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсилу омӯзиш ва баланд бурдани савияи дониши худ мераванд. «То вақте ман ягон факту рақам дар бораи фаъолияти меҳнатии кӯдакону наврасон дар хориҷи кишвар, аз он ҷумла Русия, надорам, дар ин масъала чизе гуфта наметавонам», - мегӯяд Орипов.

...БОЗ САФАР

Далер пас аз як ҳафта мехоҳад боз ба Русия равад. «Медонед, дил ба Русия бештар майл дорад. Ҳоло бештар на зарурати ба даст овардани пул, балки навъе ҳисси бастагӣ ба кишваре, ки нонат медиҳад, маро ба он ҷо мебарад. Ба хусус, вақте аз овони кӯдакӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунӣ, дар ҳамон руҳия тарбия меёбӣ, дар Тоҷикистон зистан мушкил мешавад. Ҳоло ман дар Ватан соҳиби зану фарзанди нозанинам, аммо ин низ маро пойбанди ин сарзамин накард», - мегӯяд вай.

Ӯ ҳатто тақрибан наметавонад гӯяд, ки кай ба Тоҷикистон бармегардад. Мо танҳо як чизро медонем: ӯ ҳоло устои чирадасту бозоргир аст ва дар ҳар сохтмоне набошад ӯро бо хурсанӣ қабул мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!