Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Номи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2013 эълон шуд

9 март 2013, 13:13

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон номи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2013-ро эълон кард.

Беҳрӯзи Забеҳулло, шоир ва журналисти тоҷик, ки дар шаҳри Машҳади Эрон ба сар мебарад, барои тарғиб ва ташвиқи адабиёту фарҳанги Тоҷикистон дар миёни кишварҳои форсизабон ба дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардид.

Аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, Зафари Суфӣ, муассиси гуруҳи расонаҳои «Озодагон» ҳам дар бахши матбуот барои маҷмуи матолиб дар бораи мушкилоти васоити ахбори умуми кишвар барандаи ин ҷоиза шудааст.

“Ҳамчунин, Саидмурод Фаттоев, Илҳоми Ҷамолиён, Мансур Сайфиддинов, Давлатхоҷа Назиров, Гуландом Ашӯрова, Гулчеҳра Сатторова ва Каҳҳори Расулиён ҷоизаи ба номи Лоҳутиро дарёфт хоҳанд кард.

Расми тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 11-уми март, дар рӯзи таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ, “Бухорои шариф” сурат мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехрузи Забеуллох ва Зафари Суфи барои журналистика ва адабиёт коре карданд ва месазад ин чоизаро гиранд. Вале Каххори Расулиён, Саидмурод Фаттоев чи коре анчом дода ки ба ин чоиза лоик шумурданд. Чоиза хам ахамияти худро гум кардааст. Намефахмам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чашни хирфавй ва чоиза муборак, бародарони гиромй. Саломативу сарбаландй ва комёбиву муваффакияти хар кадоме аз Шумо орзуи хамешагии мост!
Посух додан
  • Davlat

  • 11 март 2013 17:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Бехрузи Забехулло ва Зафари СУфи табрик мегуям, вокеан хам лоик ва саозоворанд! Вале ин Саидмурод Фаттоев, Мансур Сайфидинов чи коре дар матбуоти точик анчом доданд, ба чуз он, ки мушовири сардори давлатанд!? Давлатхоча Назиров ки аст? Гуландом Ашурова ки аст? Гулчехра САтторова ки аст? Каххори Расулиён ки аст? Киянд ин нафарон, ки ба гайр худашон касе инхоро намешиносад?????????????????
Посух додан
  • Ахрори Махмудзод

  • 7 апрел 2013 09:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахли калами Сух Зафар Суфиро ба чоизаи ба номи А. Лохути табрик мегуянд
Посух додан
  • Журналист

  • 18 апрел 2014 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зафари Суфи ва Бехруз арзанда астанд,дигаронашро намешиносем.Вокеъан ин чоиза хукумати-киссаги шудааст. Хубтар мешуд,ки Итифоки Журналистон Точикистон,ки созмони мустаъкил аст фирефтаи пули хукумат нашуда худаш чоизаи алохидаи умумиточикистониеро бо номи "Калами тиллои" таъсис дихад.Вагарна ин хукуматдорони пук журналистикаро ба давлати ва гайридавлати -худи ва бегона чудо кардаанд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!