Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Тоҷикистон аз Русия хостааст, кӯдаконашро бозпас диҳад

11 март 2013, 09:57

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои бозгардондани кӯдакони тоҷик аз Санкт Петербург изҳори омодагӣ кардааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки айни ҳол барои бозгардондани кӯдакони тоҷик ба мақомоти рус муроҷиат кардаанд. Ба иттилои Егамзод дар хонаҳои кӯдакони Санкт Петербург 30 ноболиғи тоҷик нигоҳубин мешаванд: “Инҳо бесаробон нестанд. Лӯлибачаҳое ҳастанд, ки ба талабандагӣ машғул будаанд, ки шуғли маъмулиашон аст.”

Эгамзод таъкид кард, ки намояндагии Тоҷикистон дар Русия омодааст, тамоми хароҷоти бозгардондани ин кӯдаконро ба уҳда гирад.

Қаблан мақомоти Русия изҳори нигаронӣ карданд, ки боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар фарзандони ноболиғи онҳоро бесаробон мондааст. Светлана Агапитова, масъули ҳуқуқи кӯдак дар Санкт Питербург, дар суҳбат бо хабаргузориҳои рус гуфтааст, тайи моҳи феврал, амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин шаҳр боиси он шудааст, ки ҳудуди 25 кӯдаки муҳоҷирини тоҷик бесаробон мондаанд: “Додани онҳо хонаи кӯдакон ба далели надоштани табаияти Русия ғайриимкон аст ва инчунин хориҷ кардани онҳо низ мумкин нест. Қонунгузории мо чӣ кор кардан бо фарзандони муҳоҷирони ғайриқонуниро муқаррар накардааст. Айни ҳол муваққатан аз 25 кӯдак қисмеашон дар хонаи кӯдакон ва боқимонда дар беморхона қарор доранд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!