Бахшҳо
11 мар 2013 10:26Тоҷикистон / Сиёсат

Матбуоти тоҷикро дар 101-солагӣ чӣ интизор аст?

Рӯзноманигорони тоҷик дар ҳоле аз як 101 соли матбуоти тоҷик таҷлил мекунанд, ки дар ду моҳи охир фишор болои онҳо афзудааст. Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баҳси Рустам Ҳукумов, писари раиси Роҳи оҳан бо нашрияи «Имрӯз Нюс»-ро ба поён бурда, дувумиро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф кард.

Ҳоло даъвои дигаре нисбат ба нашрияи «Имрӯз Нюс» ва вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова дар дасти Додгоҳи иқтисодии Душанбест. Ширкати «Тоҷирон» барои нашри матлаби, ба гуфтаи онҳо «дурӯғ», аз нашрия 1 сомонӣ ва аз вакили мудофеъ 50 ҳазор сомонӣ ғаромат хостааст. Аз ин пешар, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур даъвои Кумитаи дин нисбат ба хабарнигори «Тоҷнюс» Амруллоҳи Низомиро ба поён бурда, дувумиро ба пардохти ҷуброн масъул кард.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”:

“Таҷлили ин рӯз моро бо як риштае ба даврони қабл васл мекунад. Агар ҳукумати Тоҷикистон ин рӯзро чунин қадр карданист, бояд қадр кард. Вале, мутаасифона, дар раванди муносибати доираҳои хос бо матбуот чунин ба назар мерасад, ки боз ҳам фазои қабул кардани матолиби ВАО барои доираҳои манфиатхоҳи ҳукумат муносиб нест ва онҳо тавре муносибат мекунанд, ки бояд ҳар чизе мегӯянд, ҳамон тавр бояд дар матбуот матолибу гузоришот матраҳ бошад. Аммо раванди шакл гирифтнаи афкори ҷомеа ва бархурдҳои мухталиф ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ингуна бархурдҳои манфиатхоҳон наметавонад тӯлонӣ бошад. Ин то як даврае метавонад бошад ва билохира аз байн хоҳад рафт. Инак бархурди доираҳои ҳукумат бо ВАО дар остонаи интихобот шадидтар шуда, намегузоранд то матбуот шаффофияти раванди омодагириҳо барои интихоботро ба ҷомеа бирасонанд. 101 солагии матбуот боиси ифтихор аст, вале вақте ингуна бархурдҳоро мебинем, бояд омодагии ҷиддии хешро дар қиболи ингуна равандҳо дошта бошем. Дар радду бадалҳои алоҳида бо доираҳои хос ингуна масоил ҳеч аз байн намеравад. Бояд дастаҷамъона бархурд кард, то ҳукумат натавонад дар қиболи матбуот чизе гуфта бошад. Бавижа матбуоти мутсақил, ки назари худро озодона баён мекунад.”

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ:

“Интихобот дар пеш аст ва ҳукумат кўшиш мекунад, то фаъолияти расонаҳои хабарӣ таҳти назорат қарор бигирад. Дар ин сол ҳам ин чиз истисно нест. Барои ҳамин хуб мешуд ҳамкасбони мо омодагии худро барои баланд бардоштани касбияти худ бигиранд, то ҳангоми инъикоси чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳамеша дастболо бошанду ба камбудиҳо роҳ надиҳанд ва дар асоси меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ фаъолият намоянд. Дар ду моҳи аввали сол пайдо шудани 4 қазия нисбати сохторҳои хабарӣ ва журналистон аз он далолат медиҳад, ки ҷомеа низ барои дуруст иҷро кардани рисолати ВАО огоҳ аст ва мехоҳад, ки манофеи ҳам шаҳрвандону ҳам мақомоту ташкилотҳо ҳангоми инъикоси масоили мубрами ҷомеа риоя шавад.”

Акбаралӣ Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистон:

“Қабл аз ҳама ҳамаи ҳамкасбони худро бо 101 солагии матбуоти тоҷик табрик мегӯяму таассуф мехурам, ки дар ин арафа чандин рӯзномаҳо минҷумла Имруз Нюс ба додгоҳ кашида шудаву 50 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Дигар ҳамкори моро аз Хадамоти гумрук зери лату куб қарор додаанд. Мо аз матбуоти тоҷик нигарониҳо зиёд дорем, чунончи порсол мехостем рӯзномаҳо мисли Имруз Ниюз зиёдтар шаванд, вале имрӯз ин ягона рӯзнома дар Тоҷикистон мебошад. Шояд дар ҷаҳон ягона кишваре бошем, ки ягона рӯзнома дорем ва ҳамонро ҳам ба як баҳси бисёр сахт додгоҳ маҳкум кардааст, ки агар ин маблағ аз онҳо ситонида шавад, метавонад ин рӯзнома ҳам аз байн равад. Набудани системаи паҳнкунии нашрияњо аз дигар нигарониҳои мост, зеро ҳастанд ҳафтаномаҳое, се рӯз баъд аз чоп ба хонанда мерасанд. Дар арафаи ин ид аз ҳамкорон хосторам, ки дар роҳи рост қавӣ бошанду иродаи мустаҳкаме дошта бошанд ва аз ин ноҷуриҳои зиндагӣ натарсида бештар ба танқиду таҳлилҳои воқеӣ даст зананд. Аз эҳсосоти зиёд даст кашанду ба касбияту худомӯзӣ бештар машғул шаванд.”

Шаҳло Акобирова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома”:

“Моро имсол ҳеч дигаргуние интизор нест. Дигаргуниҳое, ки дар сар то сари олам аст, дар бахши радиою тиливизион тоҷик роҳи татбиқи худро намеёбад. Сари он мушкилот дорем, ки маҳсулоту маводи хуби теливизионӣ, маводи тамошобоб надорем. Канали зиёд дорему кадри нокифоя дорем. Мушкили асосӣ ин аст, ки раҳбариятҳои шабакаҳои теливизион ҳеч намехоҳанд иқрор шаванд, ки хуб намедонанду агар мехоҳанд ба имконоти имрӯзаи теливизион тобовар бошанд, бояд мӯҳтавои худро беҳтар кунанд. То мардум шабакаи хориҷӣ неву шабакаи миллӣ тамошо кунанд. Интихоботи пешорўро баҳона мекунанду барои беҳтар кардани мӯҳтавои барномаҳои худ талоше нахоҳанд кард. Агар вазъияти кунунӣ тағир наёбад, мардум ба самти интернет мераванд ва аз теливизион дур мешаванд хусусан ҷавонон. Матбуоти чопии мо нисбатан мустақил асту хонданбоб аст нисбат ба теливизион. Барои онҳо имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст, чун интихоботи имсола интихоботи пешин нест ва ҳукумат ҳам имкониятҳои контролии ВАО ро хуб медонад. Дар маҷмуъ наметавон гуфт, ки матбуоти чопии мо бисёр хубу беҳтарин аст ва метавонад ба ҳамаи мушкилоти пешорў тобовар бошад. Муборизаи сахту шадид асосан байни матбуоти чопӣ хоҳад буд.”

Муҳаммади Ғоиб, сардабири ҳафтаномаи “Ҷумҳурият”:

“Вақте мо соҳибистиқлолем ин ифтихори баланди мост, ки ин ҷашн дар замони мо таҷлил мегардад. Маҳз заҳмату нишонагузории қаламкашон буд, ки ин ҷашнро ба имрӯз расонданд. Ватанро аслан аҳли фарҳангу суханпарвараш ватан мекунад. Вагарна хоку оби бисёр ҷоҳо ба якдигар бисёр монандӣ дорад. Вақте Тоҷикистон мегӯем, маънии аслии онро ҳамин рӯзноманигорон боз ғанӣ мегардонанд. Дар ин рӯзи муборак ҳамаи заҳматкашонеро, ки аз ашки қалам ташнагӣ мешикананду ҷашмаҳову рудҳои сероби сухан тавлид мекунанд, ба онҳо умри дароз, бахту саодат ва ватандории бузург орзумандам.”

Рустами Ҷонӣ, сардабири рӯзномаи “Имруз News”:

“Сарнавишти матбуот аз имрӯза тасмими мо вобастагӣ дорад, ки ВАО дар оянда чигуна мешавад. Фикр мекунам чун азми мо қавӣ асту тавоноии журналистони мо ба ин мерасад, ояндаи матбуоти тоҷик дурахшон аст. Ва дурахшон хоҳад буд то вақте, ки Умеди Бобохон, Зафари Суфӣ, Хуршеди Атовулло дорад ва то вақте дигар бародарони мо дар ВАО-и ҳам хориҷиву ҳам дохилӣ њастанд. То вақте хун дар рагҳои инҳо ҷараён дорад, матбуоти мо ба ҷое меравад. Имрӯз тақдир дар пеши матбуоти мо санҷиши ниҳоят душворро гузоштааст, вале чун тасмими мо имрӯз бар пояи ақидаи иттиҳоду ваҳдати умумии журналистӣ бошад, мо ҳамавақт муваффақ хоҳем шуд.”

Умед Бобохонов, муассиси медиахолдинги “Азия плюс”


“Дар соли интихобот барои матбуоти хабарии Тоҷикистон каме душвортар мешавад. Зеро аҳзоби мухолиф кўшиш мекунанд то аз расонаҳои хабарӣ истифода баранд. Чун барои мо ҳассос аст, метарсам, ки сохторҳои давлатӣ дар баъзе ҳолатҳо аз ҳад зиёд эҳсосӣ мешаванду баъзе чизҳои муқарариро аз ҳад зиёд сахт мегиранд. Барои ҳамин журналистони тоҷик бояд бисёр касбӣ кор кунанд ва нагузоранд то ба ҳар баҳонае онҳоро ба суд кашанд ва ё болояшон фишор оранд. Фишор дар ҳар сурат мешавад, вале агар журналистон дар чорчўбаи қонун кор кунанд, фишор овардан душвортар мешавад. Дигар дигаргуние намешавад.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)