Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:38

Дар метрои Маскав шаш муҳоҷири тоҷикро захмӣ карданд

11 март 2013, 11:10

Мақомоти пулиси ноҳияи Ясеневои Маскав аз рӯи ҳодисаи ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар метрои ин шаҳр парвандаи ҷиной боз кардаанд.

Ин ҳамла ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ахиран дар истгоҳи метрои «Теплий стан»-и шаҳри Маскав сурат гирифт, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд, инҳо -- Назришо Шерови 30-сола, Ҷӯрабек Жоғаракови-38 сола, сокинони ноҳияи Ванҷ, Манучеҳр Некқадамови 25-сола, сокини ноҳияи Шуғнон, Мустафо Ғафурови 21-сола, ва Рустам Мисқолови-26 сола, сокинони шаҳри Норак мебошанд.

Манбаъ афзуд, айни ҳол 4 нафараш аз ин афрод дар беморхонаҳои №7 ва №64 бистарӣ буда, ба ҳаёти онҳо таҳдиде вуҷуд надорад. Зимни сӯҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан, ба ӯ зарба задааст. Ду муҳоҷири маҷрӯҳи дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Москва қарор доранд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии шаҳри Маскав ба сифати сохтмончӣ кор мекарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин боз кори амали скинхэдхои рус аст.Акнун бахор наздик шуда истодааст.онхоро касалиашон авч мегирад.Онхо аз дигар миллатхо метарсанд.Точикон танхо-танхо мегарданд ва он кадар хам хатари хамлахои неофашситони чавони русро чидди намешуморанд.Рузи таваллуди Гитлер наздик шуда истодааст,фарзандони ин миллати гумроху бефаросат,фаромуш кардаанд,ки миллионхо нафар мардумони СССР онхоро аз сухтан дар печхои одамсузии Холокости фашистони Гитлери халос кардаанд.Ин миллат миллати гениали аст,дину оин доранд,маданияту таърих доранд,забон доранд,куввахои мусаллахи зуртарин доранд,лекин аклу фаросату тарбияи маънави ва рухи надоранд.Дар кучахои Маскав фашистони чавон гурух-гурух шуда,"хайль" гуфта,хангоми бо хам вохурдан,дасти росташро ба ба руи дилаш монда,даррав мисли найза уро каме боло карда,суи хаммаслакаш рост мекунад.Хатто хонандагони мактабхои миёнаву оли,"фашистбтози" мекунанд.Эхтиёт шавед мухочирон!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!