Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

ИМА мухаддиротро сарчашмаи фасод дар Тоҷикистон номид

11 март 2013, 14:22

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши ҷадиди худ оиди стратегияи байналмилалии мубориза бо мухаддирот, гуфтааст, даромади ҳангуфт аз нашъа боиси афзоиши фасод дар тамоми зинаҳои ҳокимияти Тоҷикистон гардидааст.

Муаллифони ин гузориш, ки ҳамасола нашр мешавад, бо такя ба иттилои СММ навиштаанд, ки ҳар сол ҳудуди 90 тонна мухаддироти тавлиди Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 75-80 тоннааш ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ба Русия ва Аврупои шарқӣ интиқол дода мешавад. Ба навиштаи гузоришгарон 70-75 дарсади мухаддирот бо нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешавад. Ба роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан 15-25 дарсади қочоқи маводи мухаддир рост меомадааст ва асосан аз хатсайрҳои мустақими Тоҷикистон-Маскав истифода мешудааст.

Гузоришгарони Амрико бо такя ба иттилои СММ изҳор медоранд, ки дар соли 2010-ум даромад аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Миёна ба 1,4 миллиард доллари амрикоӣ баробар будааст. Ҳаҷми даромад аз мухаддирот дар Тоҷикистонро баробари 21 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баҳогузорӣ карда, Вазорати умури хориҷии Амрико афзудааст, ки даромади ҳангуфт аз мухаддирот ва маоши пасти мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон барои рушди фасод замина фароҳам мекунад. Ин ниҳод аз ҷумла боздошти бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва сардори бахши мубориза бо мухаддироти Вазорати умури дохилии кишварро дар соли гузашта зикр кардааст, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир равонаи зиндон шудаанд.

Дар мавриди вазъи истеъмоли нашъа дар дохили Тоҷикистон гузоришгарон иттилоъ додаанд, ки расман ҳудуди 7 ҳазору 255 нашъаманд сабт шудааст: “Вале теъдоди воқеии нашъамандон аз ҳадди 70 ҳазор нафар ҳам мегузарад, ки ҳудуди якдарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.”

Дар гузориш инчунин омадааст, ки дар соли 2012 мақомоти тоҷик ошкору мусодираи мухаддиротро нисбати соли 2011, 41 дарсад зиёд карда, ба 5,98 тонна расондаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки барои ироаи кӯмак ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир миллионҳо доллар кӯмак кардааст ва дар оянда ин дастгириҳояшро ҳам идома медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!