Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:29

Мессӣ ба мубталоёни саратон 600 ҳазор евро дод

11 март 2013, 16:23

Лионел Мессӣ, ҳамлагари дастаи футболи “Барселона” ба кӯдакони гирифтори бемории саратон 600 ҳазор евро кӯмак кардааст.

Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, Лионел Андрес Мессӣ ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Росариои Аргентина 600 ҳазор евро кӯмаки молӣ намуд. Гуфта мешавад, ин маблағ барои беҳтар намудани бахши саратоншиносии бемористони мазкур ва ирсол намудани пизишкон барои омӯзиш дар ин риштаи тиб сарф хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки қаҳрамонони футболи ҷаҳон ба кӯдакон туҳфаҳои молӣ медиҳанд. Криштиано Роналдо, футболбози беҳтарини тими «Реал Мадрид»-и Испания низ чанде қабл ба кӯдакони афғон кӯмакӣ молӣ намуда буд.

Қобили зикр аст, ки Лионел Андрес Мессӣ 24-уми июни соли 1987 дар шаҳри Росариои Аргентина чашм ба олами хастӣ кушода, пайи ҳам, бори чорум беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!