Бахшҳо

“40 соли мубориза...”-и Абдуқаюми Қаюмзод аз чоп баромад

Китоби хабарнигори шинохтаи тоҷик, Абдуқаюми Қаюмзод, бо номи “40 соли мубориза, муқовимат ва талошҳо” аз тариқи “Нашриёти Бухоро” рӯи чоп омад. Ин китоб ба чиҳилсолагии таъсиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бахшида шудааст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз он таҷлил хоҳад шуд.

Ин китоб, ки бо теъдоди ҳазор нусха рӯи чоп омадааст, маҷмӯи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои Абдуқаюми Қаюмзод бо афроди баландпояи ҲНИТ, аз ҷумла муассисону раҳбарони он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Давлати Усмон, Сайидумар Ҳусайнӣ, Сайидиброҳими Назар, Муҳиддин Кабирӣ ва дигаронро дар бар мегирад. Ин суҳбату мақолаҳои муаллиф дар солҳои мухталиф дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон -- “Чароғи рӯз”, “Фараж”, “Миллат”, “Oзодагон” ва ҳамчунин торнамои Радиои Озодӣ мунташир шудаанд.

Пешгуфтори ин китобро Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ва докторанти Донишгоҳи Базели Швейтсария навиштааст. Вай дар навиштаи худ таъкид мекунад, "дар ин китоб маълумоту далелҳои зиёде оид ба таърихи истиқлолияти кишварамон ҳам оварда шудааст. Бисёре аз маълумоти ҷамъовардашуда то нашри китоби мазкур барои ҷомеаи мо номаълум ва норавшан буданд. Хотираҳо ва ёддоштҳои шахсони ҳамсӯҳбат ҷолибу мароқангез баён гардида, ба ҳаводиси замони ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои солҳои 90-ум рӯшанӣ меандозанд."

Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, ин китобро бо ҳимояти молии Ҳоҷӣ Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати «Бахт», чоп кардааст. Ин китоби Абдуқаюми Қаюмзод дар ҳоле нашр шуда, ки чанде пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани шаҳодатнома барои фаъолияти ӯ дар Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ҳарчанд раҳбарияти радио бо ирсоли як нома хостори тавзеҳи ин амали вазорат шуд, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.
Мӯҳр
Mino
Муборак бошад, оқои Қаюмзод. Тило дар ҳама ҷо тилост. Ба умеди китобҳои дигар.

Абдурраҳмон
мошоаллоҳ иқдоми наҷиб барои наҳзатиҳо нишони он аст, ки Наҳзат бо мардуми ҷабрдида ва камбағал аст ва Паёмбар ҳам замоне бо мардуми оддӣ ҳакорӣ дошт, ки муваффак ҳам шуд... наҳзатиҳо ба пеш)))

фарзандони фарзонаи миллат ва дин офарин

Ило 100солашави! душманот шарманда шавад! чи мешад, ки озодагон чунин часуронро дар аторофаш чамъ кунад, фикр мекунам бо як Хилватшои азиз ин рохро паймудан душвор аст! ё ба кор кабул кардани устод дигаро инро тобиши сиёси метиян?

Ана аку маълум шуд чаро Вазорати хорича уро шаходатнома надодааст. Ин бачара рисолати асосии кор карданаш дар Озоди таблиги ХНИТ аз ин минбари бонуфуз будааст. Ин муриди мудом ширамасти Турачонзода чун аз Озоди ноумед шуд, хати машашро рушан кардва тавассути китоб ва оянда дигар матлабхояш мунтазам ХНИТ-ро таблиг мекунад. Бубахшед, аммо аз матлаб маълум шуд, ки у аллакай ба зархариди хочихо табдил шудан дорад (агар нашуда бошад). Чунин дуруяхо рузе аз рузхо ба газаби Худо гирифтор мешаванд. Чунки манзури онхо аз Худо гуфтан сиёсат асту бас. Тамоми хизбхои сиёсии Аврупову Амрикоро хати машашон химоя аз арзишхои динии протестанти, католики ё провославиву гайраи масехист. Аммо ягонтои онхо динро ба максади сиёси истифода намебаранд, балки дар сиёсат аз арзишхои дини хифозат мекунанд. Дар Русия на Хизби Нахзати Провослави доранду на Хизби Нахзати Масехо дар Амрикову Аврупост. Чунин максималисти (зиёдарави)-е, ки дар мо хам дар дингарои ва хам дар комунистиву демокративу атеистист танхо боиси монеъ дар рушди чомеаву кишвар мегардад. Каюмзодаву у баринхо бошанд хезумкаши оташи чудоиандози дар кишваранд. Аз масулини Озодагон хохиш, шояд ин суханон барои Шумо ё хамкасбатон нохушоянд бошад, аммо хохиш мекунам лоакал ба хотири чандандеши, ки Озодагон хам рисолати худро дар рушди он мебинад, назари маро нашр созед.

Аз кучо ин китобро дастрас кунем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)